
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳияи Айнӣ як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта истодаанд.
Дар ҳамин замина, дар деҳаи Шаватки Боло, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ, таваллудхонаи деҳа баъди таъмири куллӣ ба истифода дода шуд.
Бинои шуъбаи таваллудхона бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, барои фаъолияти минбаъдаи он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ин иқдом дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони деҳа ва деҳоти атроф аҳаммияти муҳим дорад.
Зимни боздиди раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз таваллудхона таъкид гардид, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Раиси ноҳия бо шароити муҳайёгардида дар муассиса шинос шуда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда дидан намуд. Зимни боздид масъулини соҳаи тандурустӣ оид ба фаъолияти минбаъдаи муассиса, шароити кории кормандони тиб ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ пайваста рушд намуда, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки таъмири куллии таваллудхона ва ба истифода додани он дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинони Шаватки Боло ва деҳоти атроф туҳфаи арзандаи идона мебошад. Зеро мавҷуд будани муассисаҳои тиббии ҷавобгӯ ба талаботи замон дар маҳал, пеш аз ҳама, ба дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи саломатии модару кӯдак мусоидат менамояд.
Дар ин робита ба масъулини соҳаи тандурустӣ дастур дода шуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардашуда, тозаву озода нигоҳ доштани муассиса, муносибати масъулиятнок ба беморон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро таъмин намоянд.
Бояд таъкид кард, ки Шаватки Боло дар солҳои охир ба яке аз маҳалҳои дорои таваҷҷуҳи хоси корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Рарз табдил ёфтааст. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маҳал як қатор иншооти иҷтимоӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, барои беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.
Тибқи маълумоти қаблии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, дар Шаватки Боло бунёду таъмиру таҷдиди як қатор иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла беморхона, таваллудхона, хонаи фарҳанг, китобхона, муассисаи томактабӣ ва майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самтҳо ҷараён доштанд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 13
Смотреть статистику
75
2
8










