Хабарҳои руз

Мавзеи нави хизматрасонии сайёҳӣ дар масири Айнӣ–Искандаркӯл

Дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Айнӣ, таваҷҷуҳ ба бунёду рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату қабули сайёҳон бештар мегардад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №22 Қиёмиддин Давлатзода аз мавзеи сайёҳӣ ва иншооти хизматрасонӣ барои сайёҳон, ки дар масири роҳи Айнӣ–Искандаркӯл, дар деҳаи Дижики Ҷамоати деҳоти Фондарё аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Икромҷон Камолов бунёд гардидааст, боздид ба амал оварданд.
Иншооти мазкур бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон, ташкили ҷойҳои муносиби истироҳат ва фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ барои меҳмонони дохилию хориҷӣ бунёд шуда, дар он як қатор имкониятҳои зарурӣ барои истироҳату фароғати сайёҳон пешбинӣ гардидааст.
Дар ҳудуди иншоот катҳои махсус барои истироҳати сайёҳон, аз ҷумла катҳои дар наздикии соҳил ҷойгиршуда, бунёд гардидаанд. Инчунин, барои фароҳам овардани имконияти фароғату истифодаи самараноки иқтидори табиии мавзеъ ҳавзи моҳипарварӣ сохта шудааст. Дар атрофи ҳавз ва соҳил низ корҳои ободонӣ ва муҷаҳҳазгардонии ҷойҳои истироҳатӣ идома доранд.
Ҳайати меҳмонон зимни боздид аз ҷараёни корҳои анҷомдодашуда шинос шуда, аз танӯрҳои бунёдгардида, ҳавзи моҳипарварӣ ва катҳои истироҳатии назди соҳил дидан намуданд. Таъкид гардид, ки чунин имкониятҳо метавонанд барои пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун ба сайёҳон ва баланд бардоштани ҷолибияти ин мавзеъ мусоидат намоянд.
Дар баробари ин, дар ҳудуди иншоот нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти зарурӣ барои сайёҳон ва меҳмонон ташкил карда шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки меҳмонон дар як мавзеъ аз хизматрасониҳои зарурӣ истифода намуда, бо маҳсулоти мавриди ниёз таъмин гарданд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва мукаммалгардонии инфрасохтори иншоот идома дошта, соҳибкор ният дорад имкониятҳои хизматрасониро боз ҳам васеъ намуда, шароити муносибтарро барои истироҳати сайёҳон фароҳам созад.
Бунёди чунин мавзеъҳои хизматрасонӣ дар масирҳои сайёҳии ноҳия, бахусус дар роҳҳои ба самти яке аз мавзеъҳои маъруфи сайёҳии кишвар — Искандаркӯл, дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкории маҳаллӣ ва ҷалби бештари сайёҳон аҳамияти муҳим дорад.
Масъулини ноҳия зимни боздид ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ободонии гирду атроф ва сатҳи хизматрасонӣ таваҷҷуҳ намуда, барои идомаи корҳои созандагӣ ва ҳарчи бештар мутобиқ намудани иншоот ба талаботи муосири хизматрасонии сайёҳӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки истифодаи имкониятҳои табиии ноҳияи Айнӣ, рушди соҳибкории маҳаллӣ ва бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ метавонад барои муаррифии бештари мавзеъҳои зебои ноҳия ва дар маҷмӯъ рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 22
Смотреть статистику

83

2

17

Leave a Reply

Back to top button