Хабарҳои руз

ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДЕҲАИ ВЕШАБ

Дар деҳаи Вешаби Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва сокинони Ҷамоати деҳоти Шамтуч, ҷавонон, занон, собиқадорон ва аҳли фарҳанг иштирок намуданд.
Қабл аз оғози чорабинии асосӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода Хонаи фарҳанги деҳаи Вешабро баъди таъмиру таҷдиди куллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда таъкид гардид, ки бинои Хонаи фарҳанг бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пурра таъмиру таҷдид гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст. Акнун сокинони деҳа, бахусус ҷавонону наврасон, метавонанд аз шароити муносиби муассисаи фарҳангӣ истифода намуда, чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ ва маҳфилҳои эҷодиро баргузор намоянд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ сокинони Ҷамоати деҳоти Шамтучро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ифтитоҳи Хонаи фарҳангро дар арафаи ин санаи муҳими таърихӣ падидаи нек арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ буда, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ заминаҳои мусоиди рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар фароҳам омадааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо пайваста бунёд, навсозӣ ва бо шароити муосир таъмин карда мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ намояндагони сокинони Ҷамоати деҳоти Шамтуч ба сухан баромада, аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди деҳот изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Онҳо ифтитоҳи Хонаи фарҳанги деҳаи Вешабро туҳфаи арзанда дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва ғамхории пайваста нисбат ба рушди маҳал, ободонии деҳот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ маросими супоридани Сипосномаҳо баргузор гардид. Як қатор фаъолон ва шахсоне, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди иҷтимоии маҳал ва татбиқи иқдомҳои бунёдкорона саҳми муносиб гузоштаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 16
Смотреть статистику

114

9

32

Leave a Reply

Back to top button