
Дар деҳаи Шаватки Болои Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои ободонию созандагӣ ба анҷом расонида шуда, Хонаи фарҳанги деҳа пас аз таъмиру таҷдиди куллӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ба истифода додани Хонаи фарҳанг раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои дахлдор, фаъолон, собиқадорон, аҳли фарҳанг ва сокинони деҳа иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ сокинони деҳаи Шаватки Болоро ба муносибати фарорасии ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Истиқлол барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи асосии рушди устувори давлату ҷомеа мебошад.
Зикр гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Хонаи фарҳанги деҳаи Шаватки Боло бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пурра таъмиру таҷдид гардида, барои фаъолияти минбаъдаи он шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо шароити Хонаи фарҳанг таъкид намуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба маҳфилҳои фарҳангӣ, рушди истеъдодҳои эҷодӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бояд дар маркази фаъолияти масъулини соҳаи фарҳанг қарор дошта бошад.
Дар чорабинӣ инчунин намояндагони сокинони деҳа ба сухан баромада, ифтитоҳи Хонаи фарҳангро туҳфаи арзанда дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Сокинони Шаватки Боло барои дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба рушди деҳот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки корҳои созандагию ободонӣ дар деҳаҳо нишонаи равшани пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги ноҳия баргузор гардид. Сурудҳои ватандӯстона, рақсу мусиқӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни идона бахшида, эҳсоси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар миёни иштирокчиён боз ҳам тақвият бахшиданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 19
Смотреть статистику
102
4
17










