
Дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ як қатор корҳои муҳими таъмиру навсозӣ ва беҳтар намудани шароити фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба анҷом расонида шуданд.
Аз ҷумла, бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ҳуҷраҳои корӣ таъмиру таҷдид гардиданд ва бо таҷҳизоту лавозимоти муосир таъмин карда шуданд. Ҳамзамон, дар доираи корҳои ободонӣ атрофи бино пурра мумфарш карда шуда, барои фаъолияти босамари кормандони мақомоти милитсия шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №22 Қиёмиддин Давлатзода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ноҳия аз раванди корҳои анҷомдодашуда боздид намуданд.
Нахуст, раиси ноҳия ва ҳайати меҳмонон кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣро ба муносибати фарорасии ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ комёбиҳо орзу карданд.
Сипас, меҳмонон аз ҳуҷраҳои корӣ ва дигар қисматҳои бино боздид намуда, бо шароити фароҳамовардашуда шинос шуданд. Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити хуби хизматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад. Корҳои анҷомдодашудаи таъмиру таҷдид ва таъмин намудани бино бо таҷҳизоти зарурии муосир аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт.
Дар идомаи боздид, раиси ноҳияи Айнӣ ва ҳайати меҳмонон бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти нав, ки дар назди бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ бунёд шуда истодааст, шинос шуданд. Айни ҳол дар ин мавзеъ сохтмони бинои дуошёнаи дигар идома дошта, тибқи лоиҳа дар он ошхона ва толори тарбияи ҷисмонӣ ҷойгир карда мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти ёрирасон барои беҳтар намудани шароити иҷтимоиву маишӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои зарурӣ барои истироҳату тарбияи ҷисмонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард. Раиси ноҳия барои босифат ва сари вақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ масъулинро вазифадор намуда, таъкид карданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Алиҷон Рауфзода зимни суҳбат аз таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии кишвар нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки фароҳам овардани чунин шароити мусоиди корӣ ба баланд гардидани ҳисси масъулиятшиносӣ ва фаъолияти самараноки кормандон мусоидат менамояд.
Алиҷон Рауфзода ҳамчунин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои дастгирӣ, ҳамкорӣ ва саҳми арзанда дар таъмиру таҷдиди бинои шуъба ва беҳтар намудани шароити хизматии кормандони милитсия миннатдории самимӣ баён намуд.
Таъмиру таҷдиди бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ва идомаи сохтмони иншооти нави хизматӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз як қадами муҳим дар самти ободонӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










