Хабарҳои руз

НАМОИШИ АКСҲОИ ДОСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ намоиши аксҳои аккоси шинохта Шуҳрат Ёров баргузор гардид.
Дар намоиш аксҳои муаллиф, ки дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту ободкориҳо, дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва симои зебои кишварро инъикос менамоянд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №22 Қиёмиддин Давлатзода ва дигар меҳмонону сокинони ноҳия аз намоишгоҳ боздид намуданд.
Зимни боздид раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии симои зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, акс ҳамчун як навъи санъат лаҳзаҳои муҳимми таърихиро ҳифз намуда, метавонад воқеияти замонро барои наслҳои оянда ба таври возеҳу таъсирбахш муаррифӣ намояд.
Равшан Раҳимзода зикр кард, ки даврони Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла фарҳангу санъат, имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Дар ин замина, саҳми аҳли фарҳанг ва ҳунармандон дар муаррифии дастовардҳои кишвар ва таҳкими эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон назаррас мебошад.
Шуҳрат Ёров зодаи деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ буда, солҳои зиёд умри худро ба касби аксбардорӣ бахшидааст. Ӯ тавассути фаъолияти эҷодии худ манзараҳои нотакрори табиати ноҳияи Айнӣ, зиндагии мардум, расму ойинҳо, фарҳанг ва дигаргуниҳои даврони соҳибистиқлолиро ба тасвир кашида, дар бойгонии аксҳои худ нигоҳ доштааст.
Фаъолияти эҷодии Шуҳрат Ёров танҳо бо дохили кишвар маҳдуд нашуда, аксҳои офаридаи ӯ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ низ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Аз ҷумла, асарҳои аксбардории ӯ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шуда, муаллиф дар озмуну намоишгоҳҳои гуногун сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.
Намоишгоҳи мазкур, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст, як василаи муҳими инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии онҳо тавассути санъати аксбардорӣ мебошад.
Меҳмонон ва сокинони ноҳия зимни боздид ба маҳорати эҷодии аккос баҳои баланд дода, баргузории чунин чорабиниҳоро барои рушди фарҳанг, эҳёи ҳунарҳои эҷодӣ ва муаррифии дастовардҳои кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории намоишгоҳҳои фарҳангиву ҳунарӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ идома ёфта, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи муҳими миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 10
Смотреть статистику

32

1

1

Leave a Reply

Back to top button