Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ маҷмааи хизматрасонии «Насими Варз» мавриди истифода қарор гирифт

Дар арафаи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ боз як иншооти нави хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Маҷмааи хизматрасонии «Насими Варз», ки бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ Шуҳрат Юсуфов бунёд гардидааст, барои рушди инфрасохтори хизматрасонӣ ва сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонон ва сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии 22 Қиёмиддин Давлатзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни маросим таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати созанда ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти давлат дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта, бо бунёду мавриди истифода қарор додани иншооти нави иҷтимоиву хизматрасонӣ имкониятҳои иқтисодиву сайёҳии ноҳия бештар мегарданд.
Маҷмааи хизматрасонии «Насими Варз» дар маркази ноҳия ҷойгир буда, аз ду бинои хизматрасонӣ иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми биноҳо ҷойҳои хӯрокистеъмолкунӣ ташкил гардида, барои сайёҳон, меҳмонон ва сокинон пешниҳоди намудҳои гуногуни хӯрок ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм бошад, меҳмонхонаҳо ва утоқҳои барои иҷораи офисҳо пешбинӣ гардидаанд.
Иншоот дар як вақт имкони қабули то 50 нафарро дошта, барои фароҳам овардани шароити муносибу замонавӣ ба меҳмонон ва сайёҳон мусоидат мекунад. Ҷойгиршавии маҷмаа дар мавзеи дорои имкониятҳои сайёҳӣ метавонад барои ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди хизматрасонии муосир дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам оварад.
Яке аз дастовардҳои муҳими бунёди иншооти мазкур таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бо ба фаъолият оғоз намудани маҷмаа қариб 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ин иқдом на танҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо, балки ба рушди соҳибкории маҳаллӣ, зиёд гардидани имкониятҳои шуғл ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Раиси ноҳия ба саҳми соҳибкор дар ободонии ноҳия ва татбиқи иқдомҳои созанда баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки бунёди чунин иншооти замонавӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, густариши соҳибкорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим дорад.
Мавриди истифода қарор гирифтани маҷмааи хизматрасонии «Насими Варз» дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани идомаи корҳои созандагиву ободонӣ ва саҳми соҳибкорони ватандӯст дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба шумор меравад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 36
Смотреть статистику

119

26

10

Leave a Reply

Back to top button