
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Айнӣ боз як иншооти нави хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маркази ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Маъруфҷон Шарофов мағозаи муосири фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ин иқдом дар заминаи дастгирии соҳибкории хурду миёна ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳия роҳандозӣ гардида, барои сокинон имкони дастрас намудани масолеҳи зарурии сохтмониро дар дохили ноҳия фароҳам месозад.
Дар маросими ифтитоҳи мағозаи нав намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №22 Қиёмиддин Давлатзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, намояндагони сохторҳои дахлдор, соҳибкорон ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки рушди соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии маҳал нақши муҳим дорад.
Масъулини чорабинӣ иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Маъруфҷон Шарофовро намунаи ташаббусҳои созанда ва саҳмгузорӣ дар рушди инфрасохтори хизматрасонии ноҳия арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин иқдомҳо ба рушди соҳибкории маҳаллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.
Мағозаи нав бо назардошти талаботи бозори дохилӣ таъсис ёфта, дар он навъҳои гуногуни масолеҳи сохтмонӣ пешниҳод мегарданд. Фаъолияти чунин марказҳои хизматрасонӣ метавонад барои сокинони ноҳия, сохтмончиён, соҳибкорон ва шахсони воқеие, ки ба корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ машғуланд, имкониятҳои бештар фароҳам оварад.
Бо ифтитоҳи мағозаи мазкур як қатор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, ҳамзамон барои рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Айнӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ вусъат гирифта, саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ин раванд назаррас мебошад.
Ба истифода додани мағозаи нави масолеҳи сохтмонӣ низ идомаи ҳамин иқдомҳои созанда буда, аз таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳаллӣ ба рушди иқтисодии ноҳия ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 12
Смотреть статистику
123
12
10










