
Дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо ятимони кулл вохӯрии самимӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии 22 Қиёмиддин Давлатзода иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимон ва кӯдакони бепарастор яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу зиндагӣ ва дастгирии ятимони кулл таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Таъкид карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳимояи иҷтимоии ятимони кулл ва кӯдаконе, ки ба ғамхории махсус ниёз доранд, тадбирҳои пайваста амалӣ гардида, барои таълиму тарбия, касбомӯзӣ, таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ятимони куллро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, иброз дошт, ки онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ барои дастгирӣ ва ҳалли мушкилоти онҳо тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Ҳамзамон, аз иқдомҳои созанда ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимони кулл ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки сиёсати инсонпарваронаи роҳбарияти давлат барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони насли наврас равона гардидааст.
Дар идомаи чорабинӣ ба ятимони кулл туҳфаҳои махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуданд. Қабули ин туҳфаҳо барои кӯдакону наврасон боиси хушнудӣ гардида, онҳо аз таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон таъкид гардид, ки таҳсилу донишомӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа беҳтарин роҳи саҳмгузорӣ дар ободии Ватан мебошад. Аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида хуб таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони сазовори миллат ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Чунин иқдомҳо бозгӯи таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа буда, барои боло бурдани рӯҳияи кӯдакон, эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва боварӣ ба ояндаи неки онҳо аҳамияти муҳим доранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










