Хабарҳои руз

Дидорбинии афсарону сарбозон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Дар арафаи таҷлили бошукӯҳи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизмату садоқати фарзандони Ватан ба яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар ноҳияи Айнӣ дидорбинӣ анҷом дода шуд.
Дар ин дидор раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуданд.
Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон меҳмонон онҳоро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ барои хизмати содиқона, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи марзу буми Ватан изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи асосии таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар мебошад. Ҳифзи ин неъмати муқаддас ва таъмини амнияти давлат вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди кишвар буда, хизматчиёни ҳарбӣ дар ин самт масъулияти махсус бар дӯш доранд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки хизмат ба Ватан-Модар вазифаи пуршараф ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Афсарону сарбозоне, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ хизмати худро ба ҷо меоранд, сазовори эҳтирому қадршиносии ҷомеа мебошанд.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки маҳз ба шарофати сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ имрӯз ҷавонони кишвар дар шароити мусоид ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардида, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ тарбия меёбанд.
Дар идомаи дидор намояндагон бо шароити хизмату зиндагии афсарону сарбозон шинос шуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд. Ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, масъулиятшиносӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Бо мақсади қадршиносӣ аз хизматҳои афсарону сарбозон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва идона тақдим карда шуд. Ин иқдом нишонаи эҳтироми ҷомеа ба хизматчиёни ҳарбӣ ва қадрдонии заҳматҳои онҳо дар роҳи ҳифзи амнияту оромии кишвар мебошад.
Дар фарҷоми дидор ба афсарону сарбозон саломатии бардавом, рӯҳияи баланди хизматӣ, иродаи қавӣ ва дар иҷрои рисолати муқаддаси худ – ҳифзи Ватан-Модар муваффақият орзу карда шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button