
Дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоили Вализода ба аёдати собиқадорони меҳнат Мағфират Ҳусейнова ва Мария Ятта рафтанд.
Зимни дидор раиси ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадоронро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, барои хизматҳои арзишманду саҳми назарраси онҳо дар рушди ҷомеа ва пешрафти ноҳия изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки собиқадорони меҳнат бо фаъолияти чандинсолаи содиқона ва заҳмати софдилона дар соҳаҳои гуногун ба халқу давлат хизматҳои шоиста анҷом дода, дар тарбияи насли ҷавон, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими арзишҳои ватандӯстӣ нақши муҳим гузоштаанд. Имрӯз онҳо дар синни нафақа қарор дошта бошанд ҳам, таҷриба ва корномаи ибратбахши онҳо барои ҷомеа арзиши бузург дорад.
Равшан Раҳимзода зимни суҳбат иброз дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба собиқадорон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, эҳтирому қадршиносии заҳмати онҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Зикр гардид, ки маҳз бо талошу заҳмати наслҳои калонсол заминаи пешрафти имрӯзаи кишвар фароҳам гардида, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ба вуҷуд омадаанд.
Собиқадорон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ободиву пешрафти Тоҷикистон ва сулҳу суботи ҳамешагӣ дуои нек карданд.
Дар анҷоми мулоқот ба Мағфират Ҳусейнова ва Мария Ятта туҳфаҳои идона ва кумакҳои моддӣ тақдим гардида, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори осуда ва умри дароз орзу карда шуд.
Показать меньше





Смотреть статистику
95
7
19










