Хабарҳои руз

Таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарияти ноҳия, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳия ва ҳунармандони маҳбуби кишвар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-юми сентябри соли 2026 дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №22 Қиёмиддин Давлатзода, роҳбарону фаъолон, собиқадорон, ҷавонон, аҳли зиё ва кулли сокинони ноҳияи Айнӣ иштирок намуданд.
Ҷашни истиқлол дар ноҳияи Айнӣ дар фазои баланди идона, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баргузор гардида, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ёдоварӣ карда шуд.
Чорабинии тантанавӣ бо сухани раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода оғоз гардид. Раиси ноҳия ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид кард, ки истиқлол барои мардуми тоҷик ҳамчун неъмати бузурги таърихӣ имкони бунёди давлати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро муҳайё намуд.
Равшан Раҳимзода дар суханронии худ аз корҳои созандагию ободонӣ ва пешрафти ноҳияи Айнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия низ корҳои бузурги созандагӣ ба роҳ монда шудаанд.
Зикр гардид, ки дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ ноҳияи Айнӣ дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, роҳсозӣ, беҳдошти маҳалҳо ва дигар соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, иншооти тандурустӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намудаанд.
Раиси ноҳия ҳамчунин таъкид намуд, ки идомаи корҳои созандагӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мардуми ноҳия ба ҳисоб мераванд.
Сипас, Исмоил Вализода — намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрикоти роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонида, сокинони ноҳияи Айнӣ ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Дар суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон заминаи асосии пешрафту рушди устувор ба шумор рафта, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи барномаҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Исмоил Вализода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати оқилонаю дурбинона ва талошҳои пайваста барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи рушди минбаъдаи кишварро гузоштаанд. Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки истиқлолу ваҳдати миллиро ҳамчун арзишҳои муқаддас ҳифз намуда, дар пешрафти Ватани маҳбуб саҳми муносиб гузорад.
Баъдан, Умедҷон Сафарзода — намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, табрикоти раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода-ро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Айнӣ расонида, таъкид намуд, ки вилояти Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳо ва ободонии шаҳру ноҳияҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Умедҷон Сафарзода зикр кард, ки ноҳияи Айнӣ ҳамчун яке аз ноҳияҳои кӯҳистонии вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон дар самти рушди сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт мебошад. Бо истифода аз ин имкониятҳо ва дар заминаи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ба рушди минбаъдаи ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат намуд.
Ҳамзамон, Қиёмиддин Давлатзода — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №22, зимни суханронӣ сокинони ноҳияи Айнӣ ва меҳмонони чорабиниро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, иброз намуд, ки истиқлол барои мардуми тоҷик имкони эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди фарҳангу забон, таҳкими худшиносӣ ва расидан ба дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодиро фароҳам овардааст.
Вай таъкид кард, ки ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз ҷумла, ҷавонон ҳамчун неруи созанда бояд бо дониш, маърифати сиёсӣ ва ҳисси баланди масъулият дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешкаши сокинон ва меҳмонон гардид. Дар он ҳунармандони маҳбуби кишвар — Ситораи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Зиёвиддини Нурзод, Аслиддин Сатторов, Хурсандмурод Зарифов, Қобилҷон Зарифов, Комилҷон Зарифов, Нозимҷон Зарифов, Шаҳзоди Даврон, Орзугул Хӯҷамова, Идибой Рӯзиев, инчунин ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ ва дигар ҳофизону ҳунармандони маҳбуби кишвар иштирок намуда, бо суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу мусиқии миллӣ ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Барномаи консертӣ бо таронаҳои тараннумгари Ватан, истиқлол, сулҳу ваҳдат, муҳаббат ба Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳусни бештар пайдо кард. Ҳунарнамоии ҳофизони маъруф ва гурӯҳҳои фарҳангии ноҳия бо истиқболи гарми сокинон ва меҳмонон пазируфта шуд.
Чорабинии бошукӯҳ дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ баёнгари эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва сипосгузории сокинон аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо намоиши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, барномаи рангини фарҳангӣ ва иштироки васеи сокинон дар фазои идона баргузор гардида, бори дигар нишон дод, ки мардуми сарбаланди ноҳия дар таҳкими сулҳу ваҳдат, ободии Ватан ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 68
Смотреть статистику

212

4

37

Leave a Reply

Back to top button