Хабарҳои руз

Ҷамъоварии ҳосили картошка дар заминҳои саҳмияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Дар заминҳои саҳмияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар мавзеи Кумарғи Боло, корҳои ҷамъоварии ҳосили картошка идома доранд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди ҳосилғундорӣ боздид намуда, бо ҷараёни ҷамъоварии маҳсулот, сифати ҳосили бадастомада ва корҳои анҷомдодашуда шинос гардид.
Қобили зикр аст, ки картошка дар масоҳати 30 сотих замин кишт карда шуда, дар натиҷаи меҳнати содиқона ва муносибати масъулиятноки кормандони Дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ парвариш ва нигоҳубин карда шудааст. Ҳосили бадастомада маҳсули меҳнати дастҷамъона ва заҳмати кормандони дастгоҳ буда, аз ин қитъа ҷамъоварии қариб 15 тонна картошка дар назар аст.
Дар раванди боздид таъкид гардид, ки истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва саҳм гузоштан дар таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як сохтору муассиса мебошад. Кормандони Дастгоҳи раиси ноҳия бо иштироки бевосита дар корҳои кишоварзӣ намунаи муносибати масъулиятнок ба замин ва меҳнати созандаро нишон додаанд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни боздид ба масъулин ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, дуруст нигоҳдорӣ кардани маҳсулоти бадастомада ва истифодаи минбаъдаи самараноки қитъаи замин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳосили фаровони картошка аз қитъаи мазкур натиҷаи меҳнати аҳлона, нигоҳубини саривақтӣ ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда мебошад. Чунин иқдомҳо дар самти истифодаи самараноки замин, рушди кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти муҳим дошта, барои ба роҳ мондани корҳои минбаъдаи истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
и ещё 14
Смотреть статистику

55

4

2

Leave a Reply

Back to top button