Хабарҳои руз

Машварати кории Раиси ноҳияи Айнӣ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони сохторҳои дахлдор, масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони муассисаю ташкилотҳо машварати кории раиси ноҳияи Айнӣ баргузор гардид.
Дар машварат масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат, идомаи корҳои ободонию созандагӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва тақвияти корҳои идеологию маърифатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки дар шароити муосир ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ вазифаи ҳар як масъули давлатӣ мебошад. Зикр гардид, ки пешрафту ободии ноҳия маҳз дар заминаи сулҳу субот ва сиёсати созандаи давлат таъмин гардида, ҳар як иқдоми созанда бояд ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат равона шавад.
Дар самти корҳои ободонию созандагӣ таъкид гардид, ки онҳо бояд пайваста ва бо сифати баланд идома ёбанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ наздики 45 километр роҳҳои дохиливу байналмилалӣ мумфарш гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар панҷ соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 742 иншоот сохта ба истифода дода шуда, иҷрои нақша 125 фоизро ташкил додааст.
Рушди саноат ва татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардида, ба масъулон ҷиҳати бунёди корхонаҳои нав, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои истеҳсолӣ супоришҳо дода шуд.
Ҳамзамон, рафти иҷрои Барномаи рушди миёнамуҳлати ноҳия ва дигар барномаҳои давлатӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, таъкид шуд, ки ҳар як роҳбар барои натиҷаи фаъолияти сохтори худ масъулияти шахсӣ дошта, интизоми хизматӣ, қонунмандӣ ва иҷрои саривақтии супоришҳоро таъмин намояд.
Дар соҳаи кишоварзӣ масъулон вазифадор шуданд, ки бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳаво шудгор ва кишти тирамоҳиро сари вақт ва босифат анҷом дода, нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулотро воқеӣ ва шаффоф ба қайд гиранд. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ таъкид гардид.
Масъалаи ҳифзи муҳити зист, тозагии маҳалҳо ва ба тартиб даровардани нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ дар атрофи шоҳроҳҳо низ баррасӣ шуда, ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, аз масъулон беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, бартараф намудани камбудиҳо ва иҷрои нақшаи истеҳсоли либоси мактабӣ талаб карда шуд.
Дар фарҷоми машварат масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳкими корҳои идеологӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва пешгирии таъсири ғояҳои ифротӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Масъулон вазифадор гардиданд, ки ҷавононро ба донишандӯзӣ, китобхонӣ, варзиш ва корҳои созанда ҷалб намуда, барои омодасозии онҳо ба хизмати Модар-Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар корҳои тарбиявию ватандӯстиро тақвият бахшанд.
Дар охир раиси ноҳия ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии вазифаҳои гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки фаъолияти ҳар як роҳбар бояд ба манфиати давлату миллат, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ноҳияи Айнӣ равона гардад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button