
Субҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулони сохторҳои дахлдор ва фаъолони ноҳия машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла идомаи корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тақвияти корҳои маърифатию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни машварат раиси ноҳия ба масъалаи тарбияи дурусти насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки ташаккули шахсияти комил аз овони хурдӣ оғоз гардида, дар ин раванд нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, аҳли фарҳанг ва ҷомеа муҳим мебошад. Ба масъулон дастур дода шуд, ки корҳои тарбиявиро дар самти баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва эҳтироми муқаддасоти давлатӣ тақвият бахшанд.
Равшан Раҳимзода бо ишора ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва идомаи низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Ховари Миёна, таъкид намуд, ки ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлат аз вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву садоқат ба Ватан бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи масъулон қарор дошта бошад.
Ҳамзамон, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва риояи интизоми меҳнатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҳар як роҳбар ва корманди давлатӣ бояд вазифаҳои хизматии худро содиқона, масъулиятшиносона, босифат ва дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намояд. Масъулият дар назди давлату миллат ва мардум бояд меъёри асосии фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ бошад.
Дар фарҷоми машварат ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои гузошташуда, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, рушди кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими корҳои идеологию маърифатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 13
Смотреть статистику
94
2
12










