Хабарҳои руз

Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал дар ноҳияи Айнӣ ботантана таҷлил гардид

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал таҷлил мегардад. Имсол ин сана ба 20 сентябр рост омада, дар ноҳияи Айнӣ низ ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандону собиқадорони соҳаи хоҷагии ҷангал ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Зимни ҷамъомад раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал ва собиқадорони соҳаро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти пурмасъулияташон муваффақият орзу намуд.
Таъкид гардид, ки ҷангалҳо яке аз сарватҳои муҳими табиии кишвар ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи муҳити зист, нигоҳдории гуногунии биологӣ, пешгирии биёбоншавӣ, коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва таъмини ҷомеа бо захираҳои табиӣ нақши муҳим доранд.
Ҷангалро ба маънои рамзӣ «тиллои сабз» меноманд. Зеро он на танҳо манбаи оксиген ва ҳавои тоза, балки сарчашмаи меваю хушкмева, гиёҳҳои шифобахш, чӯб ва дигар маҳсулоти табиӣ мебошад. Дарахтон инчунин барои пешгирии эрозияи хок, муҳофизати соҳилҳо, коҳиш додани таъсири бод, чангу ғубор ва нигоҳдории тавозуни экологӣ аҳамияти калон доранд.
Дар ҷараёни чорабинӣ зикр гардид, ки барои беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист, рушди ҷангалпарварӣ, бунёду барқарорсозии ҷангалзорҳо ва истифодаи самараноки заминҳои фонди давлатии ҷангал дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Кормандони хоҷагии ҷангал дар баробари бунёду барқарорсозии ҷангалзорҳо, дар пешгирии сӯхторҳои ҷангал, мубориза бар зидди буридани худсаронаи дарахтон, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҷангал манбаи табиии барқароршаванда буда, истифодаи оқилона ва самараноки он бояд бо назардошти имкониятҳои барқароршавии захираҳо ба роҳ монда шавад. Дар ин замина ҷамъоварии меваю хушкмева, писта, чормағз, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум ва дигар маҳсулоти табиии дар заминаи фонди давлатии ҷангал мавҷудбуда низ аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Муносибати масъулиятнок ба ҷангалзорҳо ва ҳифзи захираҳои табиӣ на танҳо вазифаи кормандони соҳа, балки масъулияти тамоми ҷомеа ба шумор меравад. Зеро ҳифзи ҷангалҳо ба таъмини муҳити солим, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии наслҳои имрӯз ва оянда мусоидат мекунад.
Дар идомаи чорабинӣ раиси ноҳия ва ҳайати меҳмонон аз ниҳолхонаи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ боздид намуданд. Зимни боздид бо фаъолияти ниҳолхона, корҳои парвариши ниҳолҳо ва иқтидори мавҷудаи муассиса шинос шуданд.
Ҳамчунин меҳмонон аз маҷлисгоҳи навбунёди Хоҷагии ҷангал дидан намуданд. Зикр гардид, ки иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои баргузории чорабиниҳои соҳавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандони муассиса хизмат хоҳад кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъол, болаёқат ва фидоии соҳа барои саҳми арзандаашон дар рушди хоҷагии ҷангал, ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории сарватҳои табиии ноҳия Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 31
Смотреть статистику

65

7

23

Leave a Reply

Back to top button