Хабарҳои руз

Дар маркази ноҳияи Айнӣ корҳои навсозии низоми равшанидиҳӣ идома доранд

Навсозии низоми равшанидиҳӣ ба ободонии маркази ноҳияи Айнӣ ҳусни тоза мебахшад
Дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ва тадбирҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани маркази ноҳия корҳои навсозии низоми равшанидиҳии кӯчаву хиёбонҳо идома доранд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз маркази ноҳия бо рафти корҳои бунёдкорӣ ва насбу васли чароғакҳои нави замонавӣ шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати идомаи босифати корҳои анҷомдодашаванда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Айни замон дар қитъаҳои муайяншуда корҳои омодасозӣ, васлу насб ва ҷамъкунии конструксияҳои чароғакҳо идома дошта, мутахассисони соҳа ҷузъҳои асосии низоми нави равшанидиҳиро насб менамоянд. Корҳои мазкур дар доираи нақшаи ободонии маркази ноҳия амалӣ гардида, ҳадаф аз он беҳтар намудани ҳолати равшанидиҳии муҳити марказ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони ноҳия мебошад.
Тибқи нақша, дар масофаи умумии 2600 метр 51 адад чароғакҳои нави муосири равшанидиҳанда насб карда мешаванд. Ҷойгиркунии чароғакҳо бо назардошти самтҳои асосии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, намои меъмории марказ ва талаботи муосири шаҳрсозӣ ба роҳ монда мешавад.
Иҷрои корҳои сохтмонию насбкунӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аниси Ориё» ба уҳда гирифта шуда, корҳои васлу насб бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ анҷом дода мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки низоми равшанидиҳии марказ бояд на танҳо аз ҷиҳати таъмини равшании кофӣ, балки аз лиҳози тарҳи зоҳирӣ ва мутобиқат ба муҳити меъмории марказ низ ҷавобгӯ ба талаботи замонавӣ бошад.
Раиси ноҳия ба масъулони соҳа ва намояндагони ширкати иҷрокунанда супориш дод, ки ҳангоми насби чароғакҳо ба устуворӣ, бехатарӣ, сифати корҳои васлу пайваст, ҷойгиркунии дурусти сутунҳо ва дигар унсурҳои техникии низоми равшанидиҳӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бидуни осеб расонидан ба роҳҳо, роҳравҳо ва дигар унсурҳои ободонии марказ анҷом дода шаванд.
Дар баробари ин, ба масъулон дастур дода шуд, ки корҳои ободонӣ дар атрофи қитъаҳои насбшуда ба таври ҳамоҳанг анҷом дода шуда, пас аз ба итмом расидани корҳо муҳити атроф дар ҳолати муносиб нигоҳ дошта шавад.
Навсозии низоми равшанидиҳӣ яке аз тадбирҳои муҳими ободонии маркази ноҳия ба ҳисоб рафта, татбиқи он ба беҳтар гардидани симои шабонаи марказ, фароҳам омадани муҳити равшан ва бехатар барои ҳаракати сокинон, инчунин ҷолибтар шудани намои кӯчаву хиёбонҳо мусоидат хоҳад кард.
Бо анҷоми корҳои пешбинишуда маркази ноҳияи Айнӣ бо низоми муосири равшанидиҳӣ таъмин гардида, ин иқдом дар баробари беҳтар намудани шароити шабона, ба баланд гардидани сатҳи ободонӣ ва зебогии муҳити шаҳрӣ низ таъсири мусбат мерасонад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки корҳои созандагию ободонӣ дар маркази ноҳия бояд пайваста идома ёфта, ҳар як иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани симои ноҳия ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии сокинон амалӣ карда шавад.
Масъулон вазифадор гардиданд, ки корҳои насбу таҷҳизонидани чароғакҳоро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида, ҷиҳати омодагии марказ ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Идомаи чунин корҳои ободонӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди инфрасохтор, беҳтар намудани муҳити зист ва ободонии маҳал буда, барои боз ҳам зебо ва замонавӣ гардидани симои ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 12
Смотреть статистику

63

6

6

Leave a Reply

Back to top button