
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои таъмиру таҷдид дар Беморхонаи марказии ноҳия, ки дар маркази ноҳияи Айнӣ ҷойгир мебошад, боздид намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ҳолати инфрасохтори мавҷуда ва нақшаҳои минбаъдаи навсозии муассисаи тиббӣ шинос гардид.
Бинои беморхона аз се ошёна иборат буда, пас аз анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳаз гардидан бо таҷҳизоти муосири тиббӣ бояд ба яке аз муассисаҳои замонавӣ ва намунавии тандурустии ноҳия табдил ёбад.
Дар рафти боздид таъкид гардид, ки корҳои кандану омодасозӣ ва аз байн бурдани қисматҳои фарсудаи бино идома дошта, ҳуҷраҳои майда, худсоз ва унсурҳои таъмири кӯҳна бартараф карда мешаванд. Корҳои сохтмонию таъмирӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анас-Муосир» анҷом дода мешаванд.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо ба масъулон ва роҳбарияти ширкати пудратчӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки таъмиру таҷдиди беморхона бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосири сохтмонӣ анҷом дода шавад. Ба намои берунии бино, тарҳи дохилӣ, сифати масолеҳи истифодашаванда, низоми обтаъминкунӣ, барқрасонӣ, гармидиҳӣ, обрав ва дигар инфрасохтори муҳими муассиса таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Аз ҷумла, масъалаи таъмини беморхона бо оби доимӣ ва ташкили инфрасохтори устувори обтаъминкунӣ аз самтҳои муҳими корҳои навсозӣ арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки фаъолияти муассисаи тиббӣ бидуни таъминоти мунтазам бо об ва дигар хизматрасониҳои муҳандисӣ ба талаботи муассисаи муосири тиббӣ ҷавобгӯ буда наметавонад.
Дар доираи лоиҳаи навсозӣ инчунин пешбинӣ шудааст, ки дар ҳамаи шуъбаю бахшҳои беморхона шумораи катҳо зиёд карда шуда, ҳуҷраҳои беморон ба талаботи муосир мутобиқ гардонида шаванд. Барои беморон ва наздикони онҳо шароити муносиб, аз ҷумла ҷойҳои нишаст ва минтақаҳои зарурии интизорӣ ва истироҳат ташкил карда мешаванд.
Ҳамзамон, барои беҳтар намудани сифати ташхис ва табобати беморон бунёд ва ташкили ҳуҷраҳои муосири лабораторӣ, физиотерапия, толори машқҳои ҷисмонӣ ва дигар бахшҳои зарурии табобатию ташхисӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои фаъолияти муассиса ҳуҷраҳои кории табибон, ҳамшираҳои тиббӣ ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ низ бо назардошти талаботи муосир ба роҳ монда мешаванд.
Дар назди беморхона сохтмони иншооти зарурии таъминоти оксиген ва таваллудхонаи нав низ ба нақша гирифта шудааст. Таъкид гардид, ки иншооти мазкур бояд бо дарназардошти талаботи соҳавӣ ва меъёрҳои муосир бунёд гардида, барои баланд бардоштани имкониятҳои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намоянд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суҳбат бо масъулони соҳаи тандурустӣ ва роҳбарияти ширкати пудратчӣ иброз дошт, ки ҳадафи асосии корҳои анҷомдодашаванда танҳо таъмири бино набуда, балки ба як муассисаи муосир ва дорои имкониятҳои васеи ташхису табобат табдил додани Беморхонаи марказии ноҳия мебошад.
Ӯ таъкид намуд, ки беморхонаи навсозишуда бояд яке аз беҳтарин муассисаҳои тандурустии ноҳия гардад ва барои табобату нигоҳубини беморон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Барои ин, ба ғайр аз корҳои сохтмонию таъмирӣ, масъалаи ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисос низ муҳим арзёбӣ гардид.
Раиси ноҳия гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати таъмин намудани беморхона бо таҷҳизоти зарурии муосири тиббӣ чораҳои дахлдор меандешад. Қайд гардид, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ муассиса бояд бо дастгоҳу таҷҳизоти ташхисӣ, табобатӣ ва лабораторӣ, лавозимоти тиббӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин карда шавад, то имконияти расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ дар дохили ноҳия бештар гардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ










