Хабарҳои руз

Оғози Семинари картошкапарварӣ дар вилояти Суғд

 

Санаи 19-ум ва 20-уми июли соли 2024 дар вилояти Суғд Семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон», баргузор мегардад.
Семинари мазкур субҳи имрӯз 19-уми июл аз ноҳияи Айнӣ ҳусни оғоз гирифта, як қисм аз ҳайати иштирокчиён – сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Баҳодур Ғуломович, ходими калони илмии шуъбаи селексияи картошкаи Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Давлатов Муҳаммадӣ, профессори кафедраи нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзии факултаи Агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Бобохонов Рустам, раисони шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошими вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, Балҷувон, Қубодиёни вилояти Хатлон, Файзобод ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Хуросони вилояти Хатлон, Нуробод, Сангвор, Шаҳринав ва Варзоб ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварданд. Ҳайати иштирокчиёнро муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар мавзеи Қаҳвахонаи “Зардолу” истиқбол гирифтанд.
Мувофиқи нақша ҳайати иштирокчиёни ба ноҳияи Айнӣ сафарбаргардида аз хоҷагиҳои деҳқонии картошкапарварии ноҳия дидан карданд.
Кишоварзони ноҳия картошкаҳое, ки дар ҳудуди ноҳия кишт ва парвариш карда мешавад ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳамчунин, иштирокчиён дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан карда, ба оғози ҳосилҷамъкунӣ ширкат намуданд.
Дар хоҷагии деҳқонии Рарзи Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳия маълум гардид, ки деҳқонону кишоварзон аз як сотих замини кишти картошка наздики 6 тонна ҳосил ба даст меоваранд. Ҳайати иштирокчиён ба сифат ва парвариши картошкаи ноҳияи Айнӣ баҳои баланд дода, бо деҳқонону кишоварзон оид ба кишту парвариши картошка сӯҳбат ва табодули назару таҷриба намуданд.
Инчунин, дар намоишгоҳҳо дигар маҳсулоти полезию мевагӣ, нонӣ ва ширӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки ба меҳмонон хеле писанд омад. Дар намоишгоҳҳо ҳамчунин, бонувони ноҳия аз картошка ғизоҳои зиёде омода менамуданд, ки ин аз ҳунару истеъдоди нотакрору созандаи зани тоҷик гувоҳӣ медод.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ҳайати меҳмононро хушомадед гуфта, ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гусел кард.
Семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон» то 20-уми июл идома гирифта, чорабинии васеътар дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд баргузор мегардад, ки аз ноҳияи Айнӣ низ картошкапарварон ва дигар шахсони масъул ширкат менамоянд.
Back to top button