Без рубрики

Тантанаҳои Истиқлол дар деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ

Субҳи имрӯз, 11-уми сентябри соли 2024 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар тантанаҳои бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ширкат варзида ба истифодаи Чойхонаи ғайриоддӣ ва боҳашамати миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Корҳои сохтмонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 оғоз гардида, дар арафаи 33-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Бинои боҳашамат ва ғайриоддии Чойхонаи миллӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми марди саховатпешаи деҳа Исохон Сулаймонов сохта ба истифода дода шуд. Чойхонаи миллӣ аз рӯи услуби хоси меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии мардуми болообӣ водии Зарафшон сохта шудааст. Дар асоси тарҳи ғайриоддӣ, ки бо такя ба унсурҳои хоси меъмории миллӣ амалӣ гардидааст, тамоми маводи сохтмонӣ ва ороишӣ аз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, шифташ вассачӯби суннатии хоси тоҷикӣ ва деворҳояш ҳам андоваи бобоӣ мебошад.
Чуноне маълум аст, масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба аҳамияти гуногунпаҳлӯи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣмушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамояд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об – барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” эълон гардид.
Вобаста ба ин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ низ як қатор нақшаҳо ба роҳ монда шудааст, ки имрӯз он барои аҳолӣ натиҷаи мусбӣ мерасонад.
Бояд қайд кард, ки дар зери Чойхонаи миллӣ дар деҳаи Зоосун бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳавзи калон сохта ба истифода дода шуд, ки ҳаҷми он 320 кубро дар бар мегирад. Шахси саховатпешаи деҳа Исохон Сулаймонов барои мардуми деҳа ин ҳавзро сохта мавриди истифода қарор дод, ки ҳамаи аҳолии деҳаи Зоосун метавонанд аз он бемалол истифода кунанд.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни баромади худ дар назди иштирокчиёни маросими ба истифодадиҳии Чойхонаи миллӣ ва ҳавзи оби нӯшокию полезӣ таъкид сохт, ки бо дастгириву раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия бомаром таъмин гардида истодааст. Ба ифтихори 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо ёрии соҳибкорону аҳолии деҳот аксар сокинони маҳаллаҳо бо оби нӯшиданӣ таъмин шуда истодаанд. Умуман, дар ободонии деҳот саҳми аҳолӣ хеле назаррас мебошад. Раиси ноҳия ба шахсони саховатпешаи деҳа миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айниро расонида, пешниҳод намуд, ки дар ободонии роҳҳои автомобилгард ва пиёдагарди деҳа низ саҳмгузор бошанд. Зеро, гуфт Муқим Муродзода, -агар роҳ обод бошад дигар ҷойҳои деҳа низ албатта обод мешаванд.
и ещё 7
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться

Leave a Reply

Back to top button