Без рубрики

ИЛМУ МАОРИФ – МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

«Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, бо хусусияту навгониҳои хоси худ аз паёмҳои қаблӣ тафовут ва бартарӣ дорад. Ин ҳуҷҷати барномавӣ ва дурнамои рушди мамлакат саршор аз таҳлилҳои илмӣ, дастовардҳо ва бурду бохти давлати моро дар тӯли Истиқлоли давлатӣ ва дастуру супоришҳои мушаххасро барои солҳои минбаъда дарбар мегирад.
Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёт фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад.
Аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба масоили мактабу маориф, ки ҳамчун соҳаи афзалиятнок эълон гардидааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Воқеан, соҳаи маориф ва илм ягона соҳае дар кишвар маҳсуб меёбад, ки ҳеҷ нафар имрӯзу ояндаи худро бе он тасаввур карда наметавонад ва хурсандибахш аст, ки ин соҳаи калидӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар қарор дорад. Паёми имсола низ аз ҷониби Сарварӣ кишвар бо диди нав ва таҳлилҳои амиқ баррасӣ гардид ва бо назардошти рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ афзалият ба масъалаҳои рушди иқтисод, инноватсия (навоварӣ) ва илму маориф дода шуд.
Сарвари давлат дар Паём изҳор намуданд, ки “то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”. Ин сиёсат созанда буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла илму маориф дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Боиси зикр аст, ки дар Паёми имсола бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бахусус ғамхорӣ нисбати соҳаи маорифу омӯзгорон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 «Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад».
Зиёд намудани маоши командони соҳа нишон медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар рушди маориф ва дастгирии омӯзгоронро дар қатори масъалаҳои муҳим гузошта, ба сатҳу сифати таълиму тарбия даққати аввалиндараҷа медиҳанд.
Инчунин, дар Паёми имсолаашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, дар Паём Пешвои кулли тоҷику тоҷикистониён ибрози баён доштанд, ки “сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”. Пас аз ин нуктаи муҳимми Пешавои миллат, ниҳодҳои масъули ин соҳаро лозим аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои оинномавии худ фаъолият намуда, ба рушди сиёсати давлатии соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳу сифат ва аз бар намудани донишҳои замони муосир донишҷуён саъю талоши худро аз ҳар вақти дигар дида, поквиҷонона равона созанд. Чунки ба қавли Пешвои миллат “пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо – омӯзгорон чароғи раҳнамо буда, ҷиҳати расидан ба мақсади наҷиб, ки он ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода кардани кадрҳои баландихтисос мебошад, мусоидат менамояд.
Мусаллам аст, ки бо мақсади рӯшан гардидани рушду густариши кишвари азизамон – Тоҷикистон бурду бохти ҳар як соли давлатдории миллӣ бо корбурди қиёс ба солҳои гузашта баръало натиҷагирӣ мешаванд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои бесобиқаи даврони истиқлоли кишварро қиёс намуда, бо ифтихору қаноатмандӣ чунин иброз намуданд: “Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард.
Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.
Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз, 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд”.
Ҷойи ифтихору сарафрозист, ки ҳамаи дастовардҳои соҳаи маориф, аз ҷумла, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон, мақоми шоиста пайдо намудани шахсияти омӯзгор дар ҷомеа, таъсиси ҳазорон синфхонаи таълимӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, мунтазам зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф ва нашри адабиёти таълимӣ аз рӯйи дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад ва тамоми тадбирҳое, ки аз тарафи Пешвои миллат дар Паём баён гардиданд, маҳз ба хотири ҳифзи сулҳу субот, рушду пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, амнияти ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон ва баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.
Хулоса, тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём қайд намуданд, «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Ин суханони сарвари давлат аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти олии кишвар соҳаи маорифро ҳамчун як соҳаи калидӣ ва афзалиятноки давлатдорӣ меҳисобанд. Дар ҳақиқат, бояд мо кормандони соҳа давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар бошем ва кӯшиш намоем, ки мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои муаззами миллатро сабақи бузурги зиндагии хеш дониста, ҳамчун содиқони асили Пешвои муаззами миллат қарзи пурифтихори омӯзгорию фарзандии худро дар назди давлату миллат адо намуда, беҳтарин шогирдонро ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тарбият намуда, якдилона барои татбиқи ин дастуру ҳидоятҳои ҳаётан муҳими Пешвои муаззами миллат бояд аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда, ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паём сидқан, бо меҳри саршор аз ватандӯстӣ, фидокорона дар ҷодаи таълиму тарбияи насли ояндаи мамлакат саҳми бориз гузорем.
Мо – омӯзгорон ҳамчун машъалафрӯзи роҳи маърифат барои он ки ин фурӯғ ҳамеша шуълавар бошад, рисолати азалии хеш – меҳнату ранҷи босуботро дар таълиму тарбияи насли давронсоз бояд дареғ намедорем ва он гоҳ муваффақ мешавем, ки ҳар як ҳаводиси рухдодаи ҷаҳони муосирро бо чашми хирад, маърифат ва тафаккури созанда таҳлил ва баррасӣ намоем. Ба ин маънӣ Пешвои миллат мефармоянд, ки: «Мо бояд ҳушёр бошем, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ ва Истиқлоли давлатамонро ҳифз намоем».
Анӯшервон НОРЗОДА,
корманди шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ
Back to top button