Без рубрики

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ

Анъана ва ҷашну маросим ҳамеша муносибатҳои иҷтимоиро танзим намуда, тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамоянд ва ҳаёти иҷтимоии одамонро рангин мегардонанд.

Ҳамзамон анъана ва ҷашну маросим дар ҳамфикрӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии миллат аҳамияти фавқуллода муҳим доранд.

Мутаассифона, дар тули қарнҳо ба анъана ва ҷашну маросими кишварамон тағйироти зиёд ворид шуданд, ки боиси исрофкорию хароҷоти беҳуда ва воситаи худнамоишдиҳию шуҳратпарастии баъзе аз афрод гардиданд. Анъана ва ҷашну маросим, мисли ҷашни зодрӯз, маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста (гаҳворабандон, мӯйсаргирон, хатнасур ва ғайраҳо), тӯйи домодию арӯсӣ (фотиҳа, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, қудоталбон, домодталбон ва ғайраҳо), маросими дафну азодорӣ (ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «чил» ва ғайраҳо), маросими ҳаҷ (ҳоҷиталабон, ҳоҷизиёрат ва ғайраҳо), рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон як низоми муайян надоштанд ва ба буҷаи ҳар як хонавода хароҷоти зиёди молиявӣ ва молиро ворид месохтанд.

Ҳарчанд баъзе аз шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе аз анъана ва ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзоёни хонавода, хешовандон ва маҳалла онҳоро сермасраф баргузор менамоянд. Ҳамзамон як бахши зиёди аҳолӣ ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории анъана ва ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон тақлид ва пайравӣ мекунанд.

Чунин исрофкориҳо ва хароҷотҳои беҳудаи молию пулӣ, пеш аз ҳама ба табақаи камбизоат ва эҳтиёҷманди аҳолӣ мушкилоти ҷиддиро эҷод мекунанд. Бо назардошти афзудани хароҷоти баргузорнамоии анъана ва ҷашну маросимҳо, паёмадҳои номатлуби хароҷоту исрофкориҳо ба табақаҳои камбизоату эҳтиёҷманди ҷомеа ва дар асри навин гум гардидани моҳияти иҷтимоии баъзе аз меъёрҳои иҷтимоӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии мардуми шарифи Тоҷикистон 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Соли 2017 ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, баҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад. Пас аз таҳлили ҳисоботи расмӣ, маводи илмӣ-таҳқиқотии дастрас ва мушоҳидаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки қабули ин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ натиҷаҳои мусбат додааст. Ботадриҷ расму оинҳои нолозиму хурофотпарастонаи зараровар аз байн мераванд, маблағҳои зиёд ба манфиати мардум сарфа мегарданд, харҷи мардум барои баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим то дараҷае коҳиш меёбад.

Аз ҳама муҳим, сол аз сол сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поён рафта, вазъи зиндагонии иҷтимоии аҳолӣ беҳтар мегардад. Ҳоло ҳар як нафаре, ки барои гузаронидани анъана ва ҷашну маросим имконияти молиявӣ ва моддӣ надорад, бе хиҷолатмандӣ ба талаботи ин қонун такя ва ишора карда метавонад. Имрӯз аксарияти кулли шаҳрвандон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” истиқбол менамоянд ва ботадриҷ зиёдаравию исрофкориҳо дар баргузории анъана ва ҷашну маросим аз байн меравад.

Дар муассисаҳои таълимии кишварамон, махсусан, дар дарсҳои тарбиявӣ ба хонандагону донишҷӯён моҳияти ҳар як банди қонуни мазкур ба таври муфассал омӯзонида шавад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки риоя ва иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, ташкили зиндагии шоиста ва сазовори аҳолӣ аҳамияти фавқуллода бузург дорад.

Leave a Reply

Back to top button