11-уми январи соли 2025 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -Ардашер Мирзозода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар вилояти Суғд -Наргис Шамсиева, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳои саноатии дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда, сардухтурони беморхонаҳои ноҳиявӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сархатиби ноҳия, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Аз рӯи масъалаи рӯзнома “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2024” муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода баромад намуд.
Сипас, Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода фаъолияти ҳама соҳаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул оид ба бурду бохти соҳаҳояшон дар соли 2024 пурсиш ба амал овард.
Пас аз таҳлилу баррасии масъала намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ардашер Мирзозода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар вилояти Суғд -Наргис Шамсиева оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 изҳори андеша намуда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин расониданд.
Дар зимн, Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 андешаронӣ намуда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ кард ва ба шахсони масъул дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин муддат роҳи ҳалли ислоҳи онро ёбанд.
Рӯзибой Раҳимзода гуфт, ки мо таҳти ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа саҳми муносиб хоҳем гузошт.
Дар охир, мудири Шӯъбаи иқтисод ва савдо Мирзозода Элчибек ва мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия барои саҳми муносиб гузоштан дар фаъолияти кориашон бо Сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 15
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
74