Хабарҳои руз

ПЕШБАРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲАВЗАИ ЯКМАНДАТИИ ИНТИХОБОТИИ АЙНӢ №22

Санаи 10-уми январи соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Боқизода Боқимуҳаммад, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ собиқадорон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа ба кори худ шуруъ намуда, рӯзномаи маҷлис, ҳайати раёсати корӣ, котибот, комиссияҳои таҳририя ва баҳисобгирии овозҳо бо ҷонибдории аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ тасдиқ гардиданд.
Дар кори маҷлис 3 масъала:
1. Дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Оиди Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ;
3. Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Айнӣ №22, барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030;
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома Раиси ТИ “Ҷилваи Ҳунар” Маллаев Мирзобой маърӯза намуда, қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард.
Сипас, масъалаи дуюм мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҷонибдории аъзои кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ Ситоди пешазинтихоботӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ таъсис дода шуданд.
Моддаҳои 30 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳизбҳои сиёсӣ имконият медиҳад, ки 60 рӯз пеш аз интихобот ва 45 рӯз мондан то интихобот ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот номзадро пешбарӣ намоянд.
Вобаста ба ин, номзадии Давлатзода Қиёмиддин барои пешбарӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ №22 пешниҳод карда шуд.
Таклифи мазкур аз ҷониби аъзои кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳиявию шаҳрӣ якдилона ҷонибдорӣ гардид.
Баъд аз пешниҳоди мазкур аз ҷониби муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода номзад муаррифӣ гардид.
Сипас, бо овоздиҳии пинҳонӣ аъзои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент ҷиҳати пешбарии номзад аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Айнӣ №22 Давлатзода Қиёмиддин райъи худро доданд.
Дар натиҷа, Давлатзода Қиёмиддин номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ №22 пешбарӣ карда шуд.
Дар навбати худ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ №22 Давлатзода Қиёмиддин ба сухан баромада, барои эътимоду боварӣ миннатдории худро ба ҳозирин баён дошт.
Пас аз баррасии ҳамаи масъалаҳои рӯзнома, Маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни анҷом пазируфт.
и ещё 10
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

22

Back to top button