Нимаи дуюми рӯзи 8-уми январи соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар маркази Ҷамоати деҳоти Дар – Дари ноҳияи Айнӣ бо сокинони деҳаи Дар – Дар мулоқот намуд.
Рӯзибой Раҳимзода нахуст, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба фаъолияти босамари соҳаҳои маориф ва илм дар самти баланд бардоштани сифати таълим, фарҳангу тандурустӣ, саноату иқтисодиёт, соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин, тарбияи мутахассисони ҷавон, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати норасоии кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва дигар ҳидоятҳои Сарвари давлатро ба самъи сокинони деҳаи Дар – Дар расонид.
Зикр гардид, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон суботи сиёсӣ ба амал омад ва Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ ба пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ноил гардид.
Дар идома Раиси ноҳия ба ҷавонону наврасон муроҷиат карда, гуфт, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Артиши миллии мамлакат дар тӯли мавҷудияти худ дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад. Аз ин лиҳоз, Шумо ҷавонони саодатманди кишвар бояд барои хизмат намудан ва ҳифз кардани марзу буми ватани хеш ҳамеша омода бошед. Ҳамчунин Рӯзибой Раҳимзода ба насли калонсоли деҳа ишора кард, ки мо тарбияткунандагон дар мавзӯи сафарбашавии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ бояд мушкилот надошта бошем ва ҷавононро дар як рӯҳияи хеле арзанда тарбия намоем, то онҳо худ барои хизмат намудан ба Ватан пешсаф бошанд. Зеро, чуноне Пешвои миллат дар баромадҳояшон пайваста изҳор медоранд: -Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Пас аз мулоқот Раиси ноҳия аз муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии деҳаи Дар – Дар дидан кард. Дар ҳақиқат, кор дар муассисаҳои болозикр ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, мутасаддиён барои зимистонгузаронӣ чораҳои дахлдор андешидаанд. Аз ҷониби сокинони деҳа пешниҳод шуд, ки муассисаҳои фарҳангию таълимӣ бо дарназардошти таъмирталаб буданашон бояд аз таъмир бароварда шаванд. Ва аҳолии деҳаи Дар – Дар, мардони баномусу ватандӯст омодаанд сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, барои таъмир дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ саҳми худро гузоранд. Раиси ноҳия пешниҳоди сокинонро қобили қабул дониста, ба сохтмончиён ва дигар шахсони масъул дастур дод харҷи онро ҳисобида, барои корбарӣ омода намоянд.
Бояд гуфт, ки бахшида ба 35 – солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 майдончаи варзишӣ бо тарҳи замонавӣ бунёд гашта истодааст, ки дар иншоот аллакай 50 фисад корҳо ба анҷом расидаанд. Зимни боздид аз он Раиси ноҳия бо ҷавонону фаъолон сӯҳбат ороста, барои зудтар ба итмом расонидани майдончаи варзишӣ ба масъулин маслиҳатҳои муфид дод. Раиси ноҳия гуфт, ки мо агар дар якҷоягӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дастгирӣ кунем дар ояндаи наздик ноҳияи мо ба яке аз ноҳияҳои пешрафта ва обод мубаддал хоҳад гашт.
и ещё 21
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ и ещё 76