Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ боз як фермаи паррандапарварӣ сохта мешавад

Нимаи дуюми рӯзи 7-уми январи соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз рафти сохтмони фермаи паррандарварӣ дар мавзеи Дашти Хушекат боздид ба амал овард.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар Дашти Хушекат бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор аз деҳаи Хушекат Шарофқул Ҳасанов фермаи паррандапарварӣ бунёд карда истодааст.
Соҳибкор Шарофқул Ҳасанов нақша дорад дар ду бинои омодакардааш парвариш ва фурӯши 18 ҳазор мурғи гӯштиро ба роҳ монад. Новобаста аз он, ки парвариши мурғ нозукиҳои зиёдеро талаб мекунад, соҳибкор талош дорад, шумораи онро ба таври муносиб ба роҳ монда, дар рушди соҳаи истеҳсолот саҳми бориз гузорад. Бо ба кор даромадани ин ферма мардуми ноҳияи Айнӣ бо маҳсулоти тару тоза таъмин гардида, метавонанд бо нархи дастрас маводи заруриро истеъмол кунанд.
Бояд гуфт, ки таъсиси чунин фермаи гӯштӣ дар вазъияти ҳозира хеле муҳим мебошад. Соҳибкор ба Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода иттилоъ дод, ки дар оянда мехоҳад бо ҷалби мутахассисони соҳа ҳашт нафарро бо ҷойи кории доимӣ ва маоши хуб таъмин намояд.
Зимни боздид Раиси ноҳия аз коргоҳи паррандапарварӣ ба сифати сохтмони бино баҳои баланд дод.
Рӯзибой Раҳимзода соҳибкорро муваззаф намуд дар кӯтоҳтарин муддат фермаро барои фаъолият омода намуда, мавриди истифода қарор диҳад.
и ещё 3
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

47

Back to top button