Хабарҳои руз

Боздид аз фаъолияти корхонаи манзилию коммуналӣ

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз фаъолияти корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и маркази ноҳия боздид ба амал овард. Корхонаи мазкур фаъолияти хуби корӣ дошта, кормандонаш ҳамарӯза дар тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаҳои маркази ноҳия саҳми муносиб мегузоранд. Шурӯъ аз дамидани субҳ то ғуруби офтоб кормандони корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и маркази ноҳия баҳри иҷрои рисолати хеш дар роҳи марказӣ, назди биноҳои давлатию ҷамъиятӣ, назди биноҳои истиқоматӣ меҳнат мекунанд то маркази ноҳия ҳамеша тозаю озода бошад.
Рӯзибой Раҳимзода зимни боздид аз корхона бо сардори он Мубориз Низомӣ сӯҳбат карда, ӯро муваззаф намуд то фарорасии фасли гармо шафати роҳи асосиро барои гулгашт кардан омода намояд. Шиору овезаҳоро бо мазмуну мундариҷаи тарбиявӣ дар ҷойҳои ҳамабин насб намуда, рангу бори панҷараҳои назди роҳ ва таъмири роҳҳои пиёдагардро бо сифат анҷом диҳанд. Маркази ноҳия гуфт Раиси ноҳия бояд ҳамеша тозаю озода ва намунаи ибрат барои дигар деҳаҳо бошад.
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

65

Back to top button