Хабарҳои руз

Маҷлиси фаъолон

Субҳи имрӯз, 6-уми январи соли 2025 дар толори калони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисону кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он мулоқоти судманд доир намуд.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин маҷлиси Рӯзибой Раҳимзода ҳамчун Раиси ноҳияи Айнӣ буда, мавсуф онро аз расонидани дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуд.
Зимни суҳбат Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба фаъолияти босамари соҳаҳои маориф ва илм дар самти баланд бардоштани сифати таълим, фарҳангу тандурустӣ, саноату иқтисодиёт, соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин, тарбияи мутахассисони ҷавон, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати норасоии кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва дигар ҳидоятҳои Сарвари давлатро ба самъи ҳозирин расонид. Рӯзибой Раҳимзода ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар кадрҳои навтаъиншуда таъкид кард, ки бо дасту дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат намоянд, дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд ва вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.
Инчунин, Раиси ноҳия оид ба иҷрои дастурҳои қаблии Роҳбарияти Олии кишвар додашуда ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо супоришҳои мушаххас дод.
Дастуру супоришҳо ҳамчунин оид ба вусъати корҳои ободонӣ, кишту кори баҳорӣ ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Раиси нощия дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва пешгирии
Ҳамзамон, Рӯзибой Раҳимзода аз масъулон оид ба риояи қатъии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” талаб кард.
Дар зимн, Раиси ноҳия аз таъкидҳои Ҷаноби Олӣ дар бораи таҳдидҳои омилҳои коррупсионӣ ва терроризму экстремиз, муборизаи аҳли ҷомеа бо ин падидаҳои номатлуб ёдовар шуда, таваҷҷӯҳи фаъолонро барои оштинопазирӣ ба он равона намуд. Гуфта шуд, ки ҷаҳони имрӯза пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост ва паҳншавии падидаҳои номатлуб ба монанди экстремизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва созмонёбии ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротгароӣ, созмонҳои террористии барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Дар тамоми вазъу ҳолат гуфт Рӯзибой Раҳимзода мо шаҳрвандони ин марзу буми муқаддас ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва доимо пайрави мактаби бузурги сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бошем.
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

93

Back to top button