Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 595 иншооти таъйиноти гуногунро ба нақша гирифтааст.
Сокинони ноҳияи Айнӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо гардонидани диёри худ саъю талош намуда, кӯшиш доранд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иншооти боқимондаи ҷашнӣ, аз қабили бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ-истеҳсолӣ, синфхонаҳои иловагию муассисаҳои таълимиву томактабӣ ва марказҳои хизматрасониро бунёд намуда, ба истифода диҳанд.
Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз рафти бунёдкориҳо Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода нимаи дуюми рӯзи 6-уми январи соли 2025 аз иншооти ҷашнии Ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаҳои Зоосун, Сангистон ва Айнӣ боздид ба амал овард.
Зимни сӯҳбатҳо бо мардум Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба фаъолияти босамари соҳаҳои маориф ва илм дар самти баланд бардоштани сифати таълим, фарҳангу тандурустӣ, саноату иқтисодиёт, соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин, тарбияи мутахассисони ҷавон, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати норасоии кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва дигар ҳидоятҳои Сарвари давлатро ба онҳо расонид.
Маълум гардид, ки дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ ободониҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар деҳаҳои болозикр бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Маҷмааи хизматрасонии замонавӣ, боғчаи бачагона, бунёди ҳавзҳои хурду калон, иншоот барои маъракаҳои иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои байнидеҳавӣ ва сементпӯшкунии онҳо амалӣ шуда истодаанд.
Дар деҳаи Сангистон Маркази хизматрасонии замонавӣ ва боғчаи бачагона сохта мешавад, ки корҳои бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Раиси ноҳия дар деҳаи Сангистон бо аҳолӣ ва сохтмончиён мулоқот карда, нахуст дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид. Баъдан аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан карда, ба сохтмончиён барои дар сатҳи баланд ва сифати хуб анҷом додани корҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Дар деҳаи Зоосун низ Рӯзибой Раҳимзода бо сокинон сӯҳбати сарироҳӣ анҷом дода, пас аз расонидани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз рафти корҳои бунёдкорӣ дидан кард. Маълум шуд, ки бо ташаббуси як қатор мардони баномус дар деҳа сохтмони иншооти муҳим ба роҳ монда шудааст. Сокинони саховатманд ният доранд бинои кӯҳнаи мактабро ба муассисаи томактабӣ табдил дода, барои фарзандони худ шароити хуби таълиму тарбия муҳайё созанд.
Ҳамчунин Раиси ноҳия аз дигар иншооти сохтмониву муассисаи таълимӣ ва муассисаҳои фарҳангии деҳаи Зоосун боздид кард. Дар ҳама муассисаҳои болозикр шароити хуби корӣ ба роҳ монда шуда, муассисаҳо барои зимистонгузаронӣ омодаанд. Раиси ноҳия оид ба камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон дастур дод онҳоро дарҳол бартараф намоянд.
Рӯзибой Раҳимзода –раиси ноҳияи Айнӣ ба аҳолӣ ваъда дод, ки барои дастгирӣ ба корҳои сохтмонӣ 40 тонна семент кӯмак хоҳад кард. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳама ташаббусҳои ободкориро дастгирӣ намуда, барои амалигардии ҳар амали нек дасти ёрӣ дароз хоҳад кард, гуфт Раиси ноҳия.
Сипас, Раиси ноҳия аз рафти корҳои васлу насбкунии системаи гармидиҳии МТМУ-и №1-и маркази ноҳия, ба номи Мақсуд Шукуров боздид кард. Дар муассиса аз ҷониби сокинони маркази ноҳия ва соҳибкорони бурунмарзӣ системаи гармидиҳӣ ба синфхонаҳо роҳандозӣ гардида истодааст. Ба Раиси ноҳия маълумот доданд, ки системаи гармидиҳӣ аз ҷиҳати сифат хеле хубу замонавӣ буда, қувваи барқ низ дар он сарфакорона истифода мешавад.
Раиси ноҳия сокинони ҷамоати деҳоти Айниро барои корҳои бунёдкориашон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ арзу сипос намуда, зикр намуд, ки мо ҳамеша бо мардум ҳастем ва ҳама корҳои ободониро дастгирӣ хоҳем кард.
и ещё 36
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
102