Без рубрики

ИҶЛОСИЯИ БИСТУЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ (ДАЪВАТИ ШАШУМ)

Санаи 18-уми сентябри соли 2024 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) бо иштироки Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд –сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода баргузор гардид.
Дар иҷлосия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сардорони Раёсат, шуъбаву бахшҳои зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони хоҷагиҳои деҳконӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котибот кори иҷлосия оғоз ёфт.
Дар кори иҷлосия масъалаҳои:
Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар ноҳияи Айнӣ;
Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Рарз” №24 Меҳроҷ Ҳайдаров дар бораи иҷрои ваколати вакилиаш;
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети ноҳия барои соли 2024;
Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия;
Вакилон мувофиқи масъалаи навбатии рӯзнома қарорҳои Раиси ноҳияро дар якҷоягӣ тасдиқ намуданд.
Дар охир намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода баромад карда, доир ба масъалаҳои баррасишуда изҳори андеша намуд.
Худи ҳамин рӯз кори иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) ба анҷом расид.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 12
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:

26

Back to top button