
Аз таърихи бостонии дарё ва мардумони соҳили он то зиндагии имрӯзаи водии Зарафшон
Дар бораи Зарафшон навиштан танҳо баёни хусусиятҳои як дарё нест. Ин сухан аз таърихи сарзаминест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо бо оби он зинда мондааст; аз кӯҳҳое, ки чашмаҳо ва рӯдҳои худро ба оғӯши он мерезанд; аз водиҳое, ки дар соҳилаш ташаккул ёфтаанд ва аз мардумоне, ки зиндагӣ, фарҳанг, рӯзгор ва сарнавишти худро бо ин рӯди бузург пайванд додаанд.
Барои сокини ноҳияи Айнӣ Зарафшон танҳо номи як объекти ҷуғрофиёӣ нест. Он қисми хотираи таърихӣ, манзараи ҳамешагии зиндагӣ ва сарвати табиист, ки аз миёни кӯҳҳои сарбафалак мегузарад. Ман низ, ҳамчун зодаи ин сарзамин ва рӯзноманигоре, ки дар ҳамин муҳит зиндагӣ карда, тағйироти онро мушоҳида менамояд, мехоҳам ба таърихи ин дарё на танҳо аз нигоҳи ҷуғрофиё, балки аз мавқеи инсон, сокини соҳили он ва пайванди наслҳо назар андозам.
Зеро ҳар қадар ба таърихи Зарафшон назар кунем, ҳамон андоза равшантар мешавад, ки ин дарё таърихи зиндагии мардуми водии мост.
Номи бостонӣ ва асрори таърихи дарё
Дарёе, ки имрӯз бо номи Зарафшон мешиносем, дар сарчашмаҳои Юнони қадим бо номи Политимет ёд шудааст. Ин ном дар осори муаррихони Юнони бостон, аз ҷумла Страбон, зикр гардида, ба маънои пурқимат, сазовори эҳтиром ё бисёр арҷманд тафсир мешавад. Чунин номгузорӣ бесабаб набуд: дар сарзамини нисбатан хушк об манбаи асосии зиндагӣ ва ободонӣ ба шумор мерафт.
Дар баъзе сарчашмаҳо ва таҳқиқоти марбут ба таърихи Суғд номи «Суғдрӯд» низ барои ин дарё истифода шудааст. Ин ном пайванди онро бо сарзамини таърихии Суғд бозгӯ мекунад. Аз ин рӯ, Зарафшонро метавон яке аз шоҳидони зиндаи таърихи тамаддуни Суғд донист.
Номи имрӯзаи он низ дорои маънои рамзист. «Зар» тилло ва «афшон» пошидан ё пароканда карданро ифода мекунад. Яъне, Зарафшон — дарёи зарпош. Ин маъно бо мавҷудияти зарраҳои тилло дар регу таҳшинҳои баъзе қитъаҳои маҷрои он низ иртибот дорад. Ҳамзамон, оби ин дарё дар тӯли асрҳо ба заминҳо ҳосилхезӣ, ба боғҳо самара ва ба мардум имкони зиндагӣ бахшидааст.
Зарафшон дар таърих танҳо бо заре, ки дар регаш пайдо мешуд, арзиш надошт. Обе, ки аз ин кӯҳистон ба водиҳои Суғд мерафт, худ тиллои зиндагӣ буд.
Зарафшон аз куҷо сар мешавад ва чӣ гуна ба вуҷуд меояд?
Зарафшон аз минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони марказӣ, аз пиряхҳои бузурги қаторкӯҳҳои Зарафшон, сарчашма мегирад. Саргаҳи он дар минтақаи кӯҳии Мастчоҳ, дар гиреҳгоҳи қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон ҷойгир аст. Дар ин минтақа пиряхҳо, барфҳои доимӣ ва чашмаҳои кӯҳӣ манбаи асосии ташаккули маҷрои дарё мебошанд.
Аммо барои дарки бузургии Зарафшон танҳо донистани макони саргаҳи он кофӣ нест. Қувват ва ҳаҷми оби дарё натиҷаи пайвастани маҷмӯи сарчашмаҳои табиист.
Аз самти ҷануби ноҳияи Айнӣ обҳои қаторкӯҳи Ҳисор, водии Яғноб, Дижикрӯд, ҳавзаи Искандаркӯл ва дараҳои кӯҳии Фон, аз ҷумла минтақаи Кӯлҳои Аловуддин, тавассути рӯдҳою шохобҳо ба низоми обии ин сарзамин ҳамроҳ мешаванд. Фондарё яке аз муҳимтарин роҳҳои воридшавии ин обҳо ба маҷрои асосии Зарафшон аст.
Аз самти шарқ бошад, обҳои кӯҳистони Мастчоҳ ва минтақаҳои қаторкӯҳҳои Зарафшону Туркистон, аз ҷумла ҳавзаи Шамтуч ва дигар дараҳои кӯҳӣ, ба маҷрои дарё ворид мешаванд.
Ҳамин тавр, Зарафшон натиҷаи ҷамъшавии обҳои барфу пирях, чашмаю рӯдҳои сершумор ва шохобҳои кӯҳист. Ҳар як дара, ҳар як чашма ва ҳар як рӯди хурд дар ташаккули ин артерияи бузурги табиӣ саҳм мегузорад.
Варз — нуқтаи пайванди Фондарё ва рӯди Мастчоҳ
Барои сокинони ноҳияи Айнӣ як нуқтаи ҷуғрофиёӣ аҳамияти махсус дорад. Ин мавзеъ дар наздикии деҳаи Варз ҷойгир буда, дар он Фондарё ва рӯди Мастчоҳ ба ҳам мепайванданд. Аз ҳамин ҷо маҷрои ягонаи дарё ба самти ғарб, сӯи Панҷакент, Самарқанд ва Бухоро идома меёбад.
Деҳаи Варз, ки дар баъзе навиштаҳои таърихӣ номи Варзи Манор низ ба он нисбат дода мешавад, дар чунин мавқеи ҷолиби табиӣ қарор дорад. Ин ҷо на танҳо як маҳалли зист, балки нуқтаи муҳими пайвастшавии ду маҷрои калон ва оғози шохаи асосии дарё ба самти ғарб аст.
Аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ, пайвастани Фондарё ва рӯди Мастчоҳро метавон яке аз нуқтаҳои муҳими ташаккули маҷрои Зарафшон дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ донист. Аммо барои муайян кардани номи таърихии худи маҷро то ин нуқта ва баъд аз он бояд ба харитаҳои қадим, асноди маҳаллӣ ва сарчашмаҳои хаттӣ такя кард.
Ба андешаи ман, ин мавзеъ сазовори таваҷҷуҳи бештари муҳаққиқон аст. Зеро маҳз дар ҳамин минтақа табиати кӯҳистон ду маҷрои пурқувватро ба ҳам оварда, роҳи дарозу таърихии онҳоро ба сӯи водиҳои поёноб идома медиҳад.
Зарафшон ва таърихи зиндагии мардумони соҳили он
Яке аз масъалаҳои муҳим дар таърихи Зарафшон муайян кардани замони пайдоиши аввалин маҳалҳои аҳолинишин дар соҳили он мебошад.
Мо медонем, ки ҳавзаи Зарафшон аз давраҳои хеле қадим барои зиндагии инсон мусоид буд. Оби дарё, заминҳои ҳосилхези соҳилӣ, чарогоҳҳо, роҳҳои табиии байни кӯҳу водиҳо ва имкони шикору чорводорӣ шароити ташаккули маҳалҳои зистро фароҳам меоварданд.
Бозёфтҳои бостоншиносии Саразм, ки ба ҳазорсолаҳои IV–III пеш аз милод мансубанд, далели возеҳи қадимияти зиндагии инсон дар ҳавзаи Зарафшон мебошанд. Албатта, Саразм дар наздикии Панҷакент ҷойгир аст ва ин бозёфтҳоро набояд ҳамчун далели мустақими синну соли ҳар як деҳаи ноҳияи Айнӣ қабул кард. Аммо онҳо нишон медиҳанд, ки ҳавзаи ин дарё аз марказҳои бостонии тамаддун дар Осиёи Марказӣ будааст.
Дар бораи маҳалҳои қадимии болооби Зарафшон низ таҳқиқоти бештар зарур аст. Барои муайян кардани он ки мардум кай дар соҳилҳои Варз, Фондарё ва дигар минтақаҳои ноҳияи Айнӣ маскун шудаанд, бояд ёдгориҳои археологӣ, номҳои қадимаи деҳаҳо, мазорҳо, қалъаҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва ривоятҳои даҳонии сокинони куҳансол мавриди омӯзиш қарор гиранд.
Дар ин замина, номи Варз ва Варзи Манор низ метавонад мавриди пажӯҳиши алоҳида қарор гирад. Таърихи як деҳа танҳо аз санаи аввалин ёдоварӣ дар ҳуҷҷат оғоз намешавад. Баъзан хотираи мардум, номҳои маҳалҳо ва осори қадима метавонанд аз таърихи хеле пештар дарак диҳанд.
Ман ҳамчун зодаи ноҳияи Айнӣ бар он назарам, ки таърихи маҳалҳои соҳили Зарафшон ҳанӯз ба таҳқиқи фарогир ниёз дорад. Хусусан, дар мавриди Варз, ки дар паҳлуи нуқтаи муҳими пайвастшавии Фондарё ва рӯди Мастчоҳ ҷойгир аст.
Зарафшон — пайванди таърихии Суғд, Самарқанд ва Бухоро
Дарёи Зарафшон аз ҳудуди ноҳияи Айнӣ гузашта, ба водии фарохи Панҷакент ворид мешавад. Дар ин ҷо табиати маҷро низ дигар мешавад: дарё аз байни кӯҳҳои танг берун омада, ба водие мерасад, ки барои боғдорӣ, кишоварзӣ ва ташаккули маҳалҳои аҳолинишин имкониятҳои бештар фароҳам овардааст.
Сипас он ба ҳудуди Ӯзбекистон ворид шуда, аз наздикии Самарқанд мегузарад ва ба самти Бухоро идома меёбад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ маҳз оби Зарафшон яке аз омилҳои асосии ободии ин шаҳрҳои машҳур дониста мешавад.
Самарқанду Бухоро бе низоми обёрии қадимаи худ тасаввурнопазиранд. Каналҳо, ҷӯйборҳо ва иншооти обтақсимкунӣ дар тӯли асрҳо аз оби ин дарё баҳра бурдаанд.
Дар гузашта маҷрои Зарафшон то минтақаи поёноби Бухоро идома ёфта, дар шароити табиии пешина ба ҳавзаи Амударё пайваст мешуд. Аммо бо афзоиши истифодаи об барои кишоварзӣ ва рушди низомҳои обёрӣ, оби он то ба Амударё намерасад ва дар минтақаҳои поёноб тадриҷан дар хок, каналҳо, заминҳои кишт ва ҳавзаҳои пастзамин талаф ё истифода мешавад.
Аз ин рӯ, имрӯз Зарафшон ҳамчун дарёи дорои ҳавзаи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аҳамияти бузурги иқтисодию экологӣ дорад.
Дарёи пуроб ва соҳилҳои ташналаб
Дар ин маврид мехоҳам ба масъалае таваҷҷуҳ намоям, ки барои сокинони ноҳияи Айнӣ аҳамияти махсус дорад.
Зарафшон аз миёни сарзамини кӯҳистон мегузарад. Дар бисёр қитъаҳои ноҳияи Айнӣ маҷрои он танг, соҳилҳояш баланду санглох ва ҷараёнаш тез аст. Бо вуҷуди фаровонии об, истифодаи он барои обёрии заминҳои соҳилӣ ҳамеша кори осон набуд.
Дар замони шӯравӣ низ, сарфи назар аз оби фаровони дарё, имкониятҳои истифодаи он барои кишоварзии тамоми заминҳои ноҳия маҳдуд буданд. Сабаби асосӣ шароити мураккаби кӯҳистон, баландии соҳилҳо, набудани инфрасохтори кофии обрасонӣ ва мушкилоти техникии сохтмони иншооти обкашӣ ба шумор мерафт.
Ин ҳолатро метавон бо мисраи машҳури устод Лоиқ Шералӣ ифода кард:
«Дарё пуробу лабташна соҳил».
Чӣ қадар маънои амиқ дорад ин сухан! Дарё дар пеши чашм ҷорист, садои мавҷҳояш ҳамеша ба гӯш мерасад, аммо заминҳои соҳилаш дар баъзе мавзеъҳо аз оби он бенасиб мемонанд. Ин танҳо як тасвири шоирона нест, балки воқеияти талхи таърихии истифодаи захираҳои об дар минтақаҳои кӯҳистонӣ низ мебошад.
Имрӯз вазъият тадриҷан тағйир ёфтааст. Сокинони ноҳия аз имкониятҳои нав истифода бурда, тавассути пойгоҳҳои хурди обкашӣ, насосҳои алоҳидаи шахсӣ ва дигар воситаҳои техникии обёрӣ заминҳои назди дарёро обёрӣ мекунанд. Дар баъзе мавзеъҳо ин иқдомҳо барои рушди боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва беҳтар намудани рӯзгори хоҷагиҳо замина гузоштаанд.
Бо вуҷуди ин, истифодаи самараноки оби Зарафшон ҳанӯз ҳам ба таваҷҷуҳи бештар, тарҳрезии муосир ва сохтмони инфрасохтори муносиб ниёз дорад.
Зарафшон ва заршӯйӣ — сарвати нуҳуфтаи регҳои дарё
Номи Зарафшон танҳо як ифодаи зебои забонӣ нест. Ин ном бо таърихи заршӯйӣ ва мавҷудияти зарраҳои тилло дар таҳшинҳои дарё низ робита дорад.
Дар баъзе қитъаҳои дарё регу шағалҳои дорои зарраҳои тилло мавҷуданд. Аз ҳамин сабаб заршӯйӣ дар минтақаҳои алоҳидаи водии Зарафшон аз қадим маълум буда, имрӯз низ бархе аз сокинон ба ин шуғл машғуланд.
Дар ноҳияи Айнӣ низ дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба заршӯйӣ бештар ба назар мерасад. Барои як қисми аҳолӣ ин шуғл имкони ба даст овардани даромади иловагӣ мебошад. Аммо ин фаъолият бояд дар доираи қонунгузорӣ, талаботи экологӣ ва қоидаҳои истифодаи захираҳои табиӣ амалӣ гардад.
Заршӯйии ғайримуташаккил ва истифодаи техникаи вазнин метавонад маҷрои дарё, соҳилҳо, муҳити зисти обӣ ва сифати обро тағйир диҳад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки истифодаи сарватҳои минералии дарё дар баробари манфиати иқтисодӣ ба ҳифзи табиат низ хизмат кунад.
Зарафшонро набояд танҳо ҳамчун манбаи тилло шинохт. Тиллои аслии он обест, ки ба мардум ҳаёт мебахшад.
Фаслҳои зиндагии Зарафшон
Зарафшон дар ҳар фасли сол симои дигар дорад. Дар баҳор, бо об шудани барфҳо ва фаъол шудани чашмаю шохобҳои кӯҳӣ, ҷараёни он тадриҷан меафзояд. Дар тобистон, бар асари обшавии барфу пиряхҳо, дарё ба давраи серобии худ мерасад. Мавҷҳои пурталотумаш садо баланд мекунанд ва аз байни сангҳои бузург гузашта, ба самти водиҳои поёноб мешитобанд.
Тирамоҳ бошад, табиати соҳилҳои он ранги дигар мегирад. Дарахтон зарду сурх мешаванд, ҳаво салқин мегардад ва маҷрои дарё нисбат ба рӯзҳои тобистон оромтар ба назар мерасад.
Дар зимистон, бахусус дар қитъаҳои болооби кӯҳистон, ҳаво сард шуда, дар соҳилҳо ях мебандад. Қитъаҳои ороми об бо пораҳои ях пӯшида мешаванд. Аммо дар зери ин оромии зоҳирӣ ҳаракати доимии об идома дорад.
Ин тағйирот нишон медиҳад, ки Зарафшон як ҷараёни одӣ нест. Он низоми зиндаи табииест, ки бо гардиши фаслҳо, иқлим ва пиряхҳо робитаи ногусастанӣ дорад.
Зарафшон — сарвати муштараки имрӯзу оянда
Зарафшон барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аҳамияти стратегӣ дорад. Обе, ки аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад, дар масири худ ба садҳо маҳал ва ҳазорҳо хоҷагии кишоварзӣ таъсир мерасонад.
Вале тағйирёбии иқлим, ақибнишинии баъзе пиряхҳо, афзоиши талабот ба об, рушди кишоварзӣ ва фарсудашавии иншооти обёрӣ масъалаи ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои онро боз ҳам муҳимтар мегардонанд.
Дар чунин шароит ҳамкории давлатҳои соҳили дарё, истифодаи сарфакоронаи об, назорати ҳолати экологии маҷро, пешгирии ифлосшавӣ ва нигоҳдории пиряхҳо аҳамияти махсус пайдо мекунанд.
Барои ноҳияи Айнӣ бошад, масъала танҳо ба гузариши дарё аз ҳудуди он маҳдуд намешавад. Зарур аст, ки имкониятҳои обии минтақа бештар барои рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ, боғдорӣ, инфрасохтори маҳаллӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон истифода шаванд.
Зарафшон аз Варз мегузарад, аммо сарнавишташ ба тамоми водӣ тааллуқ дорад
Вақте ба Зарафшон назар мекунем, дар паси маҷрои пурталотуми он таърихи чандин наслро мебинем. Ин дарё аз сарзамини пиряхҳо ва қаторкӯҳҳои осмонбӯс оғоз шуда, аз миёни дараҳои танги кӯҳистон мегузарад, дар назди Варз бо Фондарё ба ҳам меояд ва баъд роҳи худро ба сӯи Панҷакент, Самарқанду Бухоро идома медиҳад.
Он дар тӯли асрҳо шоҳиди зиндагии мардум, ободии шаҳрҳо, ташаккули фарҳангҳо ва дигаргуниҳои замон будааст.
Барои ман, ҳамчун зодаи ноҳияи Айнӣ, муҳим аст, ки ҳангоми сухан гуфтан аз ин дарё саҳми сарзамини худро низ дар таърихи он бубинам. Дарёе, ки имрӯз аз назди деҳаҳои мо мегузарад, танҳо як манзараи табиӣ нест. Он мероси наслҳо, сарвати умумӣ ва масъулияти мост.
Варз бо мавқеи ҷуғрофиёии худ метавонад дар пажӯҳиши таърихи болооби Зарафшон ҷойгоҳи муҳим дошта бошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки таърихи деҳаҳои соҳили дарё, аз ҷумла Варз ва Варзи Манор, бо ҷалби муҳаққиқон, таърихшиносон ва бостоншиносон мавриди омӯзиш қарор гирад.
Дар баробари ин, бояд барои наслҳои оянда дарси муҳиме боқӣ гузорем: сарвате, ки ҳазорсолаҳо мардумро зинда нигоҳ доштааст, набояд дар натиҷаи истифодаи нодуруст аз байн равад.
Зарафшон аз кӯҳистон ба водӣ меравад, аз як сарзамин ба сарзамини дигар мегузарад, аммо арзиши он барои ҳамаи мардум яксон аст.
Зеро Зарафшон на танҳо дарёест, ки тилло меафшонад, балки дарёест, ки таърих, зиндагӣ ва фарҳанги як водиро аз худ мегузаронад.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор



