Без рубрики

Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори мамлакат корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Ҳар як сокини мамлакат саъю кӯшиш менамояд, ки дар ин корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, дар шукуфоиӣ Ватани азизамон саҳми босазои хешро гузорад. Ин ҳама созандагию бунёдкориҳо аз татбиқи амалии ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба созандагию ободонӣ аз роҳбарияти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ шаҳодат медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани корҳои ободониву созандагӣ, инчунин баҳри сазовор истиқболгирӣ ва таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳама гӯшаю канори ноҳияи Айнӣ ба чашм мерасад.
Вобаста ба ин, ба хотири боздид аз рафти корҳои ободонӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода имрӯз аз ҷараёни корҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Фондарё ва Анзоб дидан кард. Дар Ҷамоати деҳоти Фондарё Муқим Муродзода нахуст, аз рафти корҳои ободонии деҳаи Ҳайронбед боздид ба амал овард.
Ёдовар мешавем, ки фарзандони баномуси деҳаи Ҳайронбед талош доранд, ки иншооти гуногуни нақшавиро то муҳлати муайянгардида сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд ва ин ҷашни фархундаро бо дастоварҳои назаррас пешвоз гиранд.
Дар деҳаи Ҳайронбед сохтмони маҷмааи варзишӣ иборат аз майдонча барои футболбозӣ, воллейболу баскетболбозӣ, таъмири толори варзишии мактаби деҳа, майдонча барои солим нигоҳ доштани тану бадан ва тармими ҳамарӯзаи ҷисм, инчунин ҳавзи шиноварӣ вусъати тоза пайдо карда, дар ҳама ҷои маҷмаа корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Маҷмаа бо стандартҳои замонавӣ тарҳрезӣ гардида, бо дарназардошти талаботи замони муосир сохта мешавад.
Муқим Муродзода масъулинро водор намуд барои сифатан хуб сохтани Маҷмаа диққати махсус зоҳир намуда, онро дар доираи талаботи ҷавобгӯ ба сохтмонҳои ҳозиразамон мувофиқат намоянд.
Сипас, Раиси ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи минтақавии №6 дидан кард. Маълум гардид, ки кор дар иншоот бо вусъати ниҳоят баланд идома дошта, сохтмончиён онро бо сифати хубу замонавӣ идома дода истодаанд.
Бояд гуфт, ки бинои нави беморхона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёд карда мешавад. Бинои нави беморхонаи минтақавии №6 аз ду ошёна иборат буда, аз 30 кати хоб иборат мебошад. Бинои нави беморхона дар заминаи бинои ҳозираи беморхонаи минтақавии №6, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, бунёд мегардад. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бинои нав аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешавад. Сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии №6 дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тӯҳфаи арзишманд барои мардуми дараи Искандаркӯл ба шумор хоҳад рафт.
Back to top button