Без рубрики

Таъмири кулли МТМУ-и №9

Раиси ноҳияи Айнӣ аз рафти таъмир ва азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб дидан кард. Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ширкати метталургии Анзоб муассисаро пурра азнавсозӣ карда истодааст. Ширкат бо маблағи зиёда аз 3,5 миллион мехоҳад муассисаро таъмиру азнавсозӣ кунад. Айни замон корҳои азнавсозии бино бомаром идома дошта, ширкат ҷаҳд дорад то охирҳои моҳи август, яъне то оғози соли нави таҳсил корҳои таъмиру азнавсозиро ба итмом расонад. Бинои муассиса бо талаботи замони муосир аз ҷониби ширкат таъмиру азнавсозӣ шуда истода, Муқим Муродзода –Раиси ноҳияи Айнӣ мутасаддиёнро водор намуд дар истифодаи масолеҳи сохтмонӣ саҳлангорӣ накарда, онро бо сифати хубу аъло азнавсозӣ кунанд. Зеро, дар ин муассиса, гуфт раиси ноҳия фарзандони ҳамин миллат тарбия меёбанд.

Back to top button