Хабарҳои руз

Фаъолияти Маркази саломатии деҳаи Такфон

Раиси ноҳияи Айнӣ аз фаъолияти Маркази саломатии деҳаи Такфон дидан кард. Маълум гардид, ки кор дар марказ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Аҳли деҳаи Такфон марказро таъмир намуда, онро ба таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудаанд.
Баъдан, Раиси ноҳия аз рафти таъмир дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дидан кард. Маълум гардид, ки корҳои таъмирӣ дар муассиса хеле бомаром идома мегирад. Ба Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода Раиси Ҷамоати деҳоти Анзоб Зарафшон Олимзода иттилоъ дод, ки корҳои таъмирӣ дар муассиса аллакай 70% ба анҷом расонида шудааст. Боварӣ дорем, то соли нави хониш муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Анзоб пурра таъмиру азнавсозӣ шуда, дарро ба рӯйи тоибилмон боз хоҳанд кард.
Back to top button