Без рубрики

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ТАҚОЗОИ ЗАМОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ТАҚОЗОИ ЗАМОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИТаъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
    Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.
    Дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчуни зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид.
    Дар қонунгузории амалкунандаи кишвар мафҳуми коррупсия ба таври мушаххас дода шудааст, ки ҳолати мазкур аз лиҳози санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври дахлдор эътибори зарури дода шуданро дар ин самт нишон медиҳад. Албатта, барои дақиқан мавриди таваҷҷуҳ ва омўзиш қарор додани масъалаҳо вобаста ба коррупсия бояд мо дар мадди аввал худи мафҳуми мазкурро ба таври пазируфташуда муайян намоем.
    Мафҳуми расмии коррупсияро мо аз қонунгузории амалкунандаи муқовимат бо коррупсия дарёфт карданамон мумкин аст: Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.
    Аз мафҳуми зикршуда маълум мегардад, ки дар баробари дигар хатарҳои сатҳи давлатӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ коррупсия низ яке аз амалкардаҳои хатарнок барои рушди маънавӣ ва моддии тамоми ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир бояд ба таври бетаъхирона нисбат ба решакан намудани ин раванди махсусияти манфидошта муборизаи беамонро роҳандозӣ намуд.
    Шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар сурат онҳо аз порагирӣ то сўистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид. Бо ин роҳ зуҳуроти коррупсионӣ эътимоди шаҳрвандонро ба адолат ва қобилияти давлатро дар ҳимояи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои қонунии аҳолӣ халалдор менамуд.
    Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд. Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.
    Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардид. Зимни ин ҳамоиш бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» бо ташаббуси дар тамоми ҷаҳон эълон карда шуд.
    Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
    Албатта, барои амали гардонидани дилхоҳ тадбирҳо нисбат ба пешгирӣ, ошкор ва аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ бояд моҳият ва мақсади муқовимат бо коррупсияро дақиқан мавриди омўзиш қарор дод. Аз ин рў, мафҳуми онро дар чунин шакл ва мазмун қонунгузории ҷории хусусияти соҳавидошта, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз 7 августи соли 2020, № 1714 бо чунин тартиб муқаррар намудааст: Муқовимат ба коррупсия – таъмини талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия, таҳия, қабул ва амалисозии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ошкор ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсия ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва таъмини иштироки фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия мебошад.
    Бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии ин мақомот аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ иборат мебошад.
    Барои мустаҳкам намудани сиёсати зиддикорупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, таҳия ва ду маротиба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 11 декабри соли 1999 ва аз 25 июли соли 2005, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 28 декабри соли 2012, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 қабул намудани “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” ва дигар санадҳои зериқонунӣ аз ҳамин қабиланд.
    Дар баробари ин, ду маротиба қабул ва роҳандозӣ намудани Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ноил гардидан ба муборизаи дастаҷамъона зидди ин зуҳуроти номатлубро таъмин намуда, боиси аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии кишвари мо гардидааст.
    Бешубҳа мақсаду мароми қатъии андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия дар маълумотҳои дарҷгардида ба таври равшан ба назар мерасад.
    Ба сифати субъектони муқовимат бо коррупсия инҳо баромад мекунанд: вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, субъектҳои муқовимат ба коррупсия мебошанд.
    Барои иҷрои вазифаҳои муқовимат ба коррупсия роҳбарони субъектони муқовимат ба коррупсия масъул мебошанд.
    Ҳамин тариқ дар асоси таҳлил ва омўзиши масъалаи муқовимат бо коррупсия мо метавонем чунин пешниҳодоти хулосавиро манзур карда бошем:
    – барои ба таври оммавӣ муқовимат намудан ба зуҳуроти мазкур зарур мебошад, ки мафкураи сатҳи наврасӣ, ҷавонӣ ва шахси дорои қобилияти пурраи амалро дар рўҳияи солими зиддикоррупсионӣ тарбия намуданамон зарурияти аввалиндараҷа мебошад;
    – дар асоси истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои иттилоотӣ, яъне воситаҳои ахбори омма интишор, пахш ва намоиш додани маводҳои ахборотии аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво мукаммали пешгирисозандаи амалҳои коррупсионӣ, мувофиқи мақсад мебошад;
    – зиёд гардонидани маводҳои гўшавӣ ва тасвирҳои пурмаънӣ дар тамоми ҷойҳои муайянгардида ва муосиди барои ҳама дастрас, ки ин низ метавонад барои пайдо гардидани дониш ва маърифату фаҳмиши солими зиддикоррупсионӣ мусоидати амалӣ карда бошад;
    – барои куллан аз байн бурдани равандҳои коррупсионӣ дар байни аҳолӣ зарур шуморида мешавад, ки тамоми аҳли ҷамоатчигӣ ва умуман ҳар як фарди алоҳида нисбат ба муқовимат бо коррупсия бояд бетарафи зоҳир накарда фаъолияти самарабахшро роҳандозӣ намояд.
Back to top button