Эълонҳо ва озмунҳо

Натиҷаи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2024

Дар асоси талаботҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-480 аз 01.01.2024 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда мешавад.
Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаш сол аст, ки пайваста озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо рӯҳияи баланд ва навгониҳои назаррас доир мегардад. Ин озмун инқилоби маънавиро байни тоҷикзабонон бедор кард ва бори дигар собит сохт, ки хоки тоҷик фарзандоне дорад, ки дар ҳақиқат пайвандони асили Рӯдакиву Сино, Камолу Садриддин Айнӣ, Лоиқу Бозор ва садҳо абармардони дигаранд.
Озмуни мазкур бо шаффофият тавонист то ба имрӯз дурдонаҳоро пайдо ва ба ҷомеа шиносонад. Ҳар сол масъулон мекӯшанд навгониҳои бештар дохил кунанд ва қишри ҷомеаро ба китобхониву китобдонӣ ҷалб намоянд.
Довталабон аввалан барои худ хазинаи дониш мегиранд ва дувум маблағи хуб, ки барои оила ва ё ҳаёти шахсиашон хуб ба кор меравад, ба даст меоранд. Инчунин, иқдомҳои хубе низ фароҳам оварда шудааст, ки роҳи ояндаашонро ҳамвор ва чароғон мекунад.
Имсол, яъне соли шашуми озмун аз солҳои пешин низ бошукуҳтар баргузор гардида истодааст. Дар саросари ҷумҳурӣ, даври сеюми озмун ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардида, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ноҳияи Айнӣ низ ба озмун диққати махсус дода мешавад. Бо сарварии Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода барои бидуни камбудӣ гузаштани озмун ҳама чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Инчунин, ба ғолибони ҳар се давр ҷиҳати ҳавасмандкунӣ диплом ва мукофотпулӣ тақдим мегардад.
Моҳи марти соли ҷорӣ даври якуми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф баргузор гардид, ки дар он 1269 нафар хонандагон, 35 нафар омӯзгорон ва 54 нафар намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Дар натиҷа 276 нафар хонанда, 17 нафар омӯзгорон ва 17 нафар намояндагони касбу кори гуногун ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Санаҳои 04.05 то 09.05.2024 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Қасри фарҳанги ноҳия ба номи Нақибхон Туғрал, маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия, толори Китобхонаи марказии ноҳия ва маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 баргузор гардид, ки дар натиҷа ба даври сеюми озмун (вилоятӣ) ҳамагӣ 70 нафар роҳхат гирифтаанд, ки аз онҳо 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 11 нафар омӯзгорон ва 9 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ санаи 23 августи соли 2024 дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмун баргузор гардид, ки дар он 63 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмун иштирок намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун 4 нафар хонанда Холмирзоева Шаҳдия хонандаи синфи 10-и МТМУ №16 деҳаи Шаватки Боло аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ҷойи якум, Қудратов Шаҳриёр хонандаи синфи 4-и МТМУ №16 деҳаи Шаватки Боло аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир ҷойи дуюм, Нурова Шукрона хонандаи синфи 9-и МТМУ №54 деҳаи Вота аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм ҷойи сеюм, Қудратова Шукрона хонандаи синфи 10-и МТМУ №23 деҳаи Шаватки Поён аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ҷойи сеюм ва байни калонсолон бошад, Ҷамшеди Орифиён сокини деҳаи Дар-Дар аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм ҷойи якум, Қоризода Таҳмина мудири китобхонаи деҳаи Мадм аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир ҷойи дуюм ва Холмирзоев Шарифмурод нафақахӯр аз деҳаи Шаватки Боло аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Холбеков Саидбек,
Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ
Нет описания фото.
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться

Leave a Reply

Back to top button