Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ
оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ
озмун эълон менамояд:
р/т | Номгӯи иншоот | Суроға | Таъйинот | Масоҳати умумии иҷора
(м2) |
Нархи ибтидоии иҷорапулии солона (сомонӣ) | Ҳаққи аъзогии кафолатпулӣ барои иштирок ба озмун (сомонӣ) |
1 | Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ | н. Айнӣ,
деҳаи Айнӣ-1 |
Дорухона | 20 | 2880 | 750 |
2 | Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 | Ҷамоати деҳоти Урметан,
д. Урметан |
Дӯкон барои фуруши маводҳои конселярӣ ва хониш | 7 | 840 | 750 |
3 | Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 | Ҷамоати деҳоти Урметан,
д. Урметан |
Дӯкон барои фуруши маводҳои конселярӣ ва хониш | 10 | 1200 | 750 |
Озмун санаи 01 майи соли 2025, соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор мегардад.
Ба озмун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд, ки бояд барои иштирок ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1.Барои шахсони воқеӣ-нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тастиқкунандаи шахсият;
2.Барои шахсони ҳуқуқӣ-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва Оинномаи шахси ҳуқуқӣ;
3.Пешниҳод дар лифофаи сарбаста, ки дар дохили он дархости иштирокчӣ бо нишон додани номи пурраи иншооти иҷора ва пешниҳоди маблағи ба иҷора мегирифта, дода мешавад, ки бояд аз маблағи дар эълон нишон додашуда кам набошад.
4.Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатӣ.
Дар ҳолати ғолиб дониста шудан “Иҷорагир” ба ҳисоби “Иҷорагиранда” ба миқдори 5 фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,1 фоиз боҷи давлатӣ аз ҳаҷми иҷорапулии солона месупорад, ки ин маблағҳо ба арзиши иншооти иҷора дохил намешаванд. Ғолиби озмун иштирокчие дониста мешавад, ки нархи пешниҳодкардаи ӯ нисбати дигар иштироккунандагон зиёд бошад.
Бақайдгирии иштирокчиён аз рӯзи дарҷи хабари иттилоотӣ дао суроғаи кӯчаи Рӯдакӣ 58 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Айнӣ, ошёнаи дуюм оғоз гардида , як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад. Озмун тибқи тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, №537 тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.
Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Айнӣ
Телефон барои тамос: 92 7550976