
Дар шароити имрӯза масъалаи ҳифзи муҳити зист, беҳдошти вазъи экологӣ, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити атроф, аз партовҳои ифлоскунанда тоза нигоҳ доштани фазо, пешгирии харобшавии табиат ва таъмини амнияти экологӣ аҳамияти муҳим дошта, пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба кишвари сабз табдил додани ноҳия як қатор корҳо ба сомон расонида мешавад.
Дар ноҳияи Айнӣ имконоти зиёде барои зебо гардонидани шафати роҳҳову шоҳроҳҳо вуҷуд дорад.
Ин аст, ки ҳамасола дар шафати роҳҳо ва назди биноҳо садҳо арчаю дигар ниҳолҳои сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонида мешаванд.
Дар шафати роҳҳои маркази ноҳия арчаҳои ороишии зиёде қомат афрохтаанд, ки зебогии онҳо ба деҳа ҳусни дигар бахшида, дар таъмини фазои экологии марказ нақши муҳим мебозад.
Айни ҳол мутахассисони соҳа барои ба тартиб даровардани арчаҳо ҷидду ҷаҳд карда, бо истифода аз имконот ва талаботи ороишӣ ба зебо гардонидани шафати роҳҳо машғуланд.
Бо ташаббуси Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода барои зебо гардонидани маркази ноҳияи Айнӣ гулҳои ороишию арчаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.





и ещё 10