Хабарҳои руз

Якдилӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ноҳияи Айнӣ корҳои ободонӣ, таъмиру азнавсозӣ, кабудизоркунию гулшинонӣ бо маром идома дорад.
Сокинони шарафманди ноҳия ба ташкили чорабиниҳои дастаҷамъонаи шанбегӣ камари ҳиммат баста, дар баробари саҳм гузоштан дар корҳои таъмирию азнавсозӣ, қитъаҳои замини вобастабударо коркард намуда, дар он гулу гулбуттаҳои ороишӣ мешинонанд, ҳуҷраҳои корӣ, иншооти маишӣ, дохил ва гирду атрофи биноҳои коргоҳро тозаву зебо мегардонданд.
Чунин иқдоми бунёдкорона дар тамоми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Айнӣ роҳандозӣ гардидааст.
и ещё 36

Leave a Reply

Back to top button