Эълонҳо ва озмунҳо

ЭЪЛОН

Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони муҳтарами шаҳри Душанбе!
Бо ифтихор ва арҷгузорӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июли соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Айнӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мегарданд.
Дар ин рӯз меҳмонон ва дӯстдорони фарҳангу ҳунари миллӣ метавонанд аз намоишу фурӯши беҳтарин дастовардҳои ноҳияи Айнӣ боздид намуда, аз фазои идона баҳравар гарданд.
Дар барнома:
– намоиш ва фурӯши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ;
– намоиш ва фурӯши гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти хоҷагии ҷангал;
– намоиши асали табиӣ ва дигар маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ;
– намоиши навъҳои гуногуни нон ва маҳсулоти нонӣ;
– намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои дастии устоҳои моҳир;
– намоиши нигораҳои таърихиву фарҳангии осорхонаҳо;
– муаррифии дастовардҳои бахши ҷавонон;
– дастовардҳои соҳаи маориф, литсей ва китобхонаҳои ноҳия;
– намоиши таомҳои лазизу миллии тоҷикӣ;
– муаррифии маҳсулоти саноатии корхонаҳои ноҳия.
Ҳамчунин, барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ҳунармандони саршиноси зодаи ноҳия, ки имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ маҳбубияти хоса доранд, манзури ҳаводорони санъат гардонида мешавад.
Бо ташрифи худ ба ин чорабинии бошукӯҳ ҳусни идро боз ҳам зеботар намоед!
Хуш омадед ба Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Айнӣ!

Leave a Reply

Back to top button