
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи кишоварзӣ, рафти нашъу намои картошка, рушди чорводорӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон аз дараи Аловиддин боздид ба амал овард.
Дараи Аловиддин аз ҷумлаи минтақаҳои хушобу ҳаво ва дорои иқлими мусоиди ноҳияи Айнӣ буда, сокинони деҳоти Пинён, Пасрӯд, Шӯрмашк, Канте ва Марғзори Ҷамоати деҳоти Фондарё дар баробари заминҳои назди маҳалли зисти худ, дар ин минтақа низ майдонҳои васеи кишоварзиро истифода мебаранд. Бо сабаби салқинии ҳаво, фаровонии оби мусаффои кӯҳӣ ва муҳити аз ҷиҳати экологӣ тоза, ин мавзеъ барои парвариши картошка аз беҳтарин минтақаҳои ноҳия ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои масъулони соҳаи кишоварзӣ, бинобар иқлими нисбатан сард, кишти картошка дар дараи Аловиддин асосан дар моҳи май оғоз мегардад. Бо вуҷуди дертар оғоз шудани кишт, шароити табиӣ барои нашъунамои босифати картошка хеле мувофиқ буда, маҳсулот бо ҳосилнокии баланд ва сифати аъло парвариш карда мешавад.
Зимни боздид раиси ноҳия аз вазъи нашъунамои картошка изҳори қаноатмандӣ намуда, бо деҳқонон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ суҳбат анҷом дод. Ӯ таъкид намуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои табиии дараи Аловиддин метавонад дар афзоиши истеҳсоли картошка, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим гузорад.
Дар ҳудуди ин дара мавзеъҳои Биёбон, Турзул, Чӯбистон, Пастиғар ва Хоҷа Китоб аз ҷумлаи минтақаҳои асосии кишоварзӣ ва чорводорӣ ба шумор мераванд. Айни замон деҳқонон дар наздики 6 гектар замин кишти картошкаро ба роҳ монда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна аз 400 то 450 сентнер ҳосил ба даст меоранд, ки нишондиҳандаи хуби истеҳсолӣ арзёбӣ мегардад.
Раиси ноҳия ба масъулони бахши кишоварзӣ дастур дод, ки барои мавсими оянда майдони кишти картошка дар ин минтақа боз ҳам васеъ гардида, деҳқонон бо тухмии хушсифат, тавсияҳои агротехникӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин карда шаванд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо истифодаи пурраи имкониятҳои табиии дараи Аловиддин ин минтақа бояд ба яке аз марказҳои асосии парвариши картошкаи ноҳияи Айнӣ табдил дода шавад.
Дар баробари кишоварзӣ, дараи Аловиддин барои рушди соҳаи чорводорӣ низ имкониятҳои васеъ дорад. Дар ин мавзеъ наздики 6–7 бошишгоҳ (овул)-и чорвои калони шохдор фаъолият дошта, чорводорон дар давраи мавсимӣ ба парвариши чорво ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул мебошанд.
Бо истифода аз афзоиши шумораи сайёҳон, чорводорон дар канори роҳи дара нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти шириро ташкил намудаанд. Дар ин нуқтаҳо ба сайёҳони дохилию хориҷӣ маҳсулоти тару тозаи маҳаллӣ, аз ҷумла шир, ҷурғот, чакка, қаймоқ, қаймоқи барг (қоқ) ва дигар маҳсулоти ширӣ пешниҳод карда мешаванд, ки ҳамзамон барои баланд бардоштани даромади аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси ноҳия аз мавзеъҳои қабули сайёҳон ва истироҳатгоҳҳои мавҷуда боздид намуда, бо соҳибкорон, фурӯшандагон ва кормандони соҳаи хизматрасонӣ суҳбат анҷом дод. Ӯ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, риояи талаботи санитарӣ, пешниҳоди маҳсулоти хушсифат, беҳтар намудани шароити қабули меҳмонон ва истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии минтақа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар анҷоми боздид Равшан Раҳимзода ба заҳмати деҳқонон, чорводорон ва соҳибкорони маҳаллӣ баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди ҳамзамони кишоварзӣ, чорводорӣ ва сайёҳӣ дараи Аловиддин метавонад дар таҳкими иқтисодиёти ноҳияи Айнӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон саҳми боз ҳам назаррас гузорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 44
Смотреть статистику
87
4
2










