
Дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёди иншооти иҷтимоӣ ва варзишӣ бо суръати баланд идома дорад.
Бо ҳамин мақсад раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонии майдончаи варзишии замонавӣ, ки дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ба номи Давлат Надирови деҳаи Пасрӯди Ҷамоати деҳоти Фондарё бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинони деҳа бунёд гардида истодааст, боздид намуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ беш аз 80 фоиз анҷом ёфта, айни ҳол корҳои омодасозии қисми зерини майдонча, сабзкорӣ, насби таҷҳизоти варзишӣ ва дигар корҳои анҷомдиҳӣ идома доранд. Пас аз ба истифода додани он барои хонандагони муассиса ва ҷавонони деҳа имконияти хуби машғул шудан ба варзиш, тарзи ҳаёти солим ва баргузории мусобиқаҳои гуногун фароҳам хоҳад омад.
Раиси ноҳия аз сифати корҳои иҷрошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда ва бо риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом додани корҳои боқимонда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идомаи сафари корӣ раиси ноҳия бо сокинони деҳа мулоқот намуда, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонд. Таъкид гардид, ки корҳои ободонӣ, созандагӣ, кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин сокинон ба саҳмгузории фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ даъват карда шуданд.
Ҳамзамон раиси ноҳия аз вазъи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 дидан намуда, барои анҷом додани таъмири ҷории бино, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, омодасозии муассиса ба соли нави таҳсил ва муҳайё намудани муҳити мусоиди таълимӣ ба масъулини соҳаи сохтмон ва маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки бо заҳмати аҳлонаи сокинон ва ҳамкории мақомоти давлатӣ корҳои созандагию ободонӣ минбаъд низ густариш ёфта, ҳамаи иншооти банақшагирифташуда дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода хоҳанд шуд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 5
Смотреть статистику
48
1
4










