Хабарҳои руз

Раиси ноҳияи Айнӣ аз рафти корҳои ободонӣ ва бунёди маҷмааи фарҳангӣ дар деҳаи Шӯрмашки Ҷамоати деҳоти Фондарё боздид намуд

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта, дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот сохтмон ва таҷдиди як қатор иншооти муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ ҷараён дорад.
Бо ин мақсад раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдиди бинои клуби деҳаи Шӯрмашки Ҷамоати деҳоти Фондарё боздид ба амал овард.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бинои клуби деҳа пурра таъмиру таҷдид гардида, ҳамзамон ошёнаи дуюм барои баргузории маъракаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд мешавад. Дар ошёнаи якуми бино китобхона, толори китобхонӣ, толори маҷлисӣ ва дигар утоқҳои фарҳангиву маърифатӣ ташкил гардида, дар маҷмӯъ бино ба як маҷмааи фарҳангии замонавӣ табдил хоҳад ёфт. Ҳамзамон дар назди он боғи фарҳангӣ, гулгашт ва майдончаҳои истироҳатӣ низ бунёд карда мешаванд, ки барои фароғату истироҳати сокинон муҳити мусоид фароҳам меоранд.
Раиси ноҳия аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюм ва таъмири пурраи ошёнаи якум аз наздик шинос шуда, ба масъулини соҳаи сохтмону меъморӣ ва дигар мутасаддиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, кабудизоркунӣ, бунёди гулгашт ва муҳайё намудани шароити муосир дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳамаи корҳои пешбинишуда бояд бо сифати баланд ва то охири моҳи августи соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонида шаванд.
Дар идомаи боздид раиси ноҳия бо сокинони деҳа суҳбату мулоқот анҷом дода, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонд. Зикр гардид, ки ободонии Ватан аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузории фаъолро талаб мекунад. Сокинон ба иштироки фаъолона дар корҳои созандагӣ, нигоҳдории тозагӣ, ҳифзи муҳити зист, вусъат бахшидани корҳои кабудизоркунӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар рушди маҳалли зист даъват карда шуданд.
Сокинони деҳа омодагии худро барои дастгирии сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ иброз намуда, таъкид карданд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button