
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст – фарзандони Олмуҳаммад Зоҳидов, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и мавзеи Дашти Сангистон аз таъмири пурраи капиталӣ бароварда шуда истодааст. Ин иқдом дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва рушди соҳаи маориф амалӣ гардида, ба истиқболи соли нави таҳсил равона шудааст.
Тавре мутасаддиёни соҳаи меъморӣ ва сохтмони ноҳия иттилоъ доданд, дар доираи корҳои таҷдиду навсозӣ муассиса пурра таъмири капиталӣ гардида, бо назардошти талаботи муосири соҳаи маориф ба низоми нави гармидиҳӣ таъмин мешавад. Ҳамзамон, азнавсозии боми бино, таъмири пурраи дохилу беруни муассиса, иваз намудани шабакаҳои муҳандисӣ, таъмири фаршу шифт, тирезаҳо ва дарҳо, инчунин беҳтар намудани намои зоҳирии муассиса амалӣ карда мешаванд.
Зимни боздид аз рафти корҳои омодагӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо масъулин ва сохтмончиён суҳбат намуда, таъкид кард, ки сифати корҳои таъмиру таҷдид бояд ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ буда, муассиса то фарорасии соли нави таҳсил пурра омода ва мавриди истифода қарор дода шавад.
Айни ҳол корҳои омодасозии бино барои таъмири асосӣ идома дошта, сохтмончиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳои банақшагирифташуда тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Бинои муассиса дуошёна буда, аз 12 синфхона, як утоқи кории омӯзгорон ва як утоқи роҳбари муассиса иборат мебошад. Дар ҳудуди муассиса инчунин биноҳои ёрирасони хоҷагӣ мавҷуд буда, онҳо низ дар доираи корҳои ободонӣ ба тартиб дароварда мешаванд. Айни замон дар муассиса 262 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Пас аз анҷоми корҳои таъмиру таҷдид барои хонандагону омӯзгорон шароити боз ҳам мусоиди таълим, тарбия ва фаъолияти омӯзгорӣ муҳайё гардида, сифати раванди таълим беҳтар хоҳад шуд.
Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Маориф соҳаи калидӣ ва омили асосии рушди устувори давлат ва ояндаи миллат мебошад». Маҳз бо роҳнамоии ин сиёсати дурбинона дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, беҳтарсозии шароити таҳсил ва баланд бардоштани сифати таълим ба таври пайваста идома дорад.
Дар ин замина, татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатии рушди соҳаи маориф ва дигар санадҳои соҳавӣ барои муосиргардонии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ мусоидат менамояд.
Иқдоми соҳибкорони ватандӯст – фарзандони Олмуҳаммад Зоҳидов дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ намунаи равшани масъулияти иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус барои беҳтар намудани шароити таҳсил, тарбияи насли соҳибмаърифат ва татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлат аҳамияти бузург дорад.
Интизор меравад, ки баъди анҷоми корҳои таъмиру таҷдид Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и мавзеи Айнӣ-1 бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир фаъолияти худро идома дода, барои 262 нафар хонанда ва омӯзгорони муассиса муҳити боз ҳам беҳтари таълиму тарбияро фароҳам оварад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 9
Смотреть статистику
111
2
9










