
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба рафти омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо, бунёду ба истифода супоридани иншооти ҷашнӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва тадбирҳои ташкилӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия аз роҳбарони сохторҳои давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони соҳаҳои гуногун ва дигар мутасаддиён оид ба ҷараёни омодагиҳо ҳисобот талаб намуда, таъкид кард, ки сокинони ноҳияи Айнӣ бояд ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 9 сентябри соли 2026 таҷлил мегардад, бо дастовардҳои арзанда ва фазои баланди ватандӯстӣ истиқбол намоянд.
Қайд гардид, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар маркази ноҳия 9 сентябр паради меҳнаткашон баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ дастовардҳои муҳими ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла пешрафтҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки маҳз дар солҳои истиқлол бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Айнӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, бунёди нақбҳои муҳими байналмилалӣ, сохтмони роҳҳои замонавӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди инфрасохтор, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ба яке аз ноҳияҳои пешрафтаи саноатии ҷумҳурӣ табдил ёфтани ноҳия аз муҳимтарин самараҳои даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардид.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлол танҳо ба маркази ноҳия маҳдуд набуда, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва деҳаҳои ноҳия низ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор карда мешавад. Бо ин мақсад дар ҳар як ҷамоат як чорабинии сатҳи ноҳиявӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ ташкил гардида, иштироки фаъолонаи сокинон дар онҳо таъмин карда мешавад.
Дар масъалаи бунёди иншооти ҷашнӣ таъкид гардид, ки ҳамаи сохтмонҳои банақшагирифташуда бояд дар муҳлатҳои муайяншуда пурра анҷом ёфта, то ҷашни Истиқлол мавриди истифода қарор гиранд. Ба масъулон дастур дода шуд, ки аз ҳар гуна таъхир дар корҳои сохтмонӣ ҷилавгирӣ намуда, сифати иҷрои корҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамчунин, раиси ноҳия барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нав, таъмири роҳҳои дохилӣ, кабудизоркунӣ, беҳтар намудани намои маҳалҳои аҳолинишин ва рушди фарҳанги шаҳрдорӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷаласа масъалаи тозагии муҳити зист низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Бо ин мақсад ташкил ва баргузории шанбегиҳои дастаҷамъона, вусъат бахшидани корҳои тозакорӣ, зиёд намудани шумораи қуттиҳои партов, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ронандагон ва мусофирбарон аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ шуданд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи рушди соҳибкорӣ низ баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки дар доираи Лоиҳаи рушди бахши молиявӣ ва хусусӣ барои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи водии Зарафшон фаъолияти мутахассиси минтақавӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад Зоҳиршо Қаноатов ба ҳайси мутахассиси минтақавӣ таъин гардида, вазифадор шуд, ки дар ҳамоҳангсозии татбиқи лоиҳа, дастгирии соҳибкорон ва рушди бахши хусусӣ саҳми муассир гузорад.
Дар анҷоми ҷаласа раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳамаи роҳбарону масъулонро вазифадор намуд, ки иҷрои босифати ҳамаи нақшаҳои тасдиқшуда, анҷоми саривақтии корҳои ободонӣ, сохтмон, беҳдошти муҳити зист ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву идонаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва ташкилӣ таҷлил гардидани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










