Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид

Бо супориши Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода имрӯз дар тамоми ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдоми муҳими экологӣ сокинони меҳнатдӯсти ноҳия бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ аз ҳудуди нақби Анзоб то Шаҳристон, инчунин дар канори шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ, Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ – Самарқанд ба корҳои тозагӣ машғул шуда, роҳҳо, канори шоҳроҳҳо ва дигар мавзеъҳоро аз партовҳо тоза намуданд.
Ҳамзамон дар назди биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаҳо, нуқтаҳои савдо, ошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, таваққуфгоҳҳои воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм ва истгоҳҳои мусофиркашонӣ низ корҳои васеи ободониву покизагӣ анҷом дода шуданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди партовҳо маҳз дар ҷойҳои таваққуфи нақлиёт, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва канори роҳҳои автомобилгард аз ҷониби баъзе мусофирон ва ронандагон партофта мешаванд. Ин ҳолат ба муҳити зист, симои ноҳия ва фарҳанги экологӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Қобили зикр аст, ки аз аввали соли 2026 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қариб ҳар ҳафта шанбегиҳои экологӣ баргузор гардида, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист тадбирҳои мунтазам амалӣ мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз тамоми сокинон, мусофирон, ронандагон ва меҳмонони ноҳия эҳтиромона даъват менамояд, ки бо баланд бардоштани маърифати экологӣ ба тозагии муҳити зист саҳм гузошта, партовҳоро танҳо дар ҷойҳои махсуси барои ин мақсад пешбинишуда ҷойгир намоянд.
Тозагӣ нишонаи фарҳанги баланд ва эҳтиром ба Ватан аст. Ҳифзи муҳити зист масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад.

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button