
16 июли соли 2026 дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ бо мақсади санҷиши омодабошии захираҳои сафарбарӣ, қувваю воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва таҳкими ҳамоҳангии сохторҳои масъул чорабинии муҳими мудофиавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Абдуллозода Саидасрор Саид, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариати ҳарбӣ, сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, инчунин шаҳрвандони дар ҳайати захираи сафарбарӣ қарордошта иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ бо бонги хатар зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони дар ҳайати шахсии захира қарордошта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбута ба майдони Варзишгоҳи марказии ноҳия сафарбар гардида, сатҳи омодабошии онҳо мавриди санҷиш қарор гирифт. Ҳамзамон, беш аз 500 адад техникаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ барои истифода дар ҳолатҳои зарурӣ омода ва аз назар гузаронида шуд.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо санҷиши омодабошии сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои масъул, такмили малакаҳои ҳайати шахсӣ, санҷиши имкониятҳои амалии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии рӯҳиву равонӣ ва ҷисмонии иштирокчиён мебошад.
Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Абдуллозода Саидасрор Саид зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолу соҳибихтиёрии давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти сохторҳои давлатӣ арзёбӣ гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни баромади худ иброз дошт, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омодагӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ӯ аз сатҳи баланди омодагии сокинони ноҳия ва иштироки фаъоли онҳо дар чорабинии мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки мардуми ноҳияи Айнӣ ҳамеша барои ҳифзи амният, сулҳу оромӣ ва манфиатҳои давлату миллат омода мебошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ омодагии ҳайати шахсӣ, воситаҳои нақлиётӣ ва техникаи сафарбаршаванда мавриди санҷиш қарор гирифта, ба фаъолияти сохторҳои масъул ҷиҳати боз ҳам такмил додани сатҳи омодабошии сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ баҳои мусбат дода шуд.
Чорабинии мазкур бори дигар нишон дод, ки ҳамоҳангии мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа нақши муҳим дошта, сокинони ноҳияи Айнӣ дар иҷрои ин рисолати ватандӯстона омодагии комил доранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 71
Смотреть статистику
63
5
20









