
Ба таваҷҷуҳи сокинони ноҳияи Айнӣ мерасонем, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва бо мақсади дастгирии маъракаи кабудизоркунӣ, ободонии маҳал ва зиёд намудани майдонҳои сабз дар ноҳия ярмаркаи фурӯши ниҳолҳои ба иқлими минтақа мутобиқ ташкил карда шудааст.
Ярмарка дар назди Фурудгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ баргузор гардида, дар он зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла:
* ниҳолҳои мевадиҳанда (себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олуча ва ғайра),
* ниҳолҳои сояафкан,
* ниҳолҳои ороишӣ,
* инчунин дарахтони ҳамешасабз (арча, санавбар ва дигар навъҳо),
ба фурӯш пешниҳод гардидаанд.
Ҳамаи ниҳолҳои пешниҳодшуда ба шароити иқлимии ноҳияи Айнӣ мутобиқ буда, барои шинонидан дар ҳавлиҳо, боғу токзорҳо, канори роҳҳо ва дигар ҷойҳои сабзкорӣ тавсия дода мешаванд.
Мақсад аз ташкили ярмарка мусоидат намудан ба татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040, беҳтар намудани вазъи экологӣ, афзоиши майдонҳои сабз ва баланд бардоштани фарҳанги сабзкорӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Аз ҳамаи сокинони ноҳия даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ин иқдоми муҳими ободониву сабзкорӣ фаъолона иштирок намуда, бо харидорӣ ва шинонидани ниҳолҳо дар сарсабз гардонидани диёр саҳм гузоранд.
Мавзеъ: назди Фурудгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ
Миқдор: зиёда аз 11 000 бех ниҳол
Навъҳо: мевадиҳанда, чӯбӣ, ороишӣ ва ҳамешасабз
Бо ҳамкории дастаҷамъона метавонем муҳити зистро ҳифз намуда, диёрамонро боз ҳам обод, сабзу хуррам ва зебо гардонем.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 18







