Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар ноҳияи Айнӣ

10 март ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ноширон, собиқадорони соҳа ва кормандони рӯзномаи ноҳиявии «Файзи Зарафшон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, аз таърихи пурмуҳтавои матбуоти миллӣ ёдовар шуд. Қайд гардид, ки матбуот ҳамчун оинаи ҷомеа дар тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон нақши муҳим мебозад. Таъкид карда шуд, ки воситаҳои ахбори омма дар инъикоси дастоварду пешрафтҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат саҳми назаррас доранд.
Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи матбуот ва дигар расонаҳои хабарӣ дар кишвар рушд ёфта, барои фаъолияти озоду созандаи рӯзноманигорон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар таҳкими давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва худшиносии ҷомеа нақши бисёр муҳим доранд.»
Ҳамчунин дар чорабинӣ собиқадорони соҳа ва аҳли қалами ноҳия суханронӣ намуда, аз фаъолияти пурсамари рӯзномаи ноҳиявии «Файзи Зарафшон» ёдовар шуданд ва нақши он дар инъикоси ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияро муҳим арзёбӣ карданд.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор кормандони рӯзномаи «Файзи Зарафшон», собиқадорони соҳа, инчунин рӯзноманигорони телевизион ва радиои маҳаллӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ супорида шуданд.
Дар навбати худ кормандони рӯзнома, аҳли қалами ноҳия, собиқадорон ва тарғибгарони сиёсати давлатӣ барои чунин таваҷҷуҳу қадрдонӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ барои инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳои даврони истиқлол, тарғиби сиёсати давлату Ҳукумат ва рушди ҷомеа бо масъулияти баланд фаъолияти эҷодии худро идома хоҳанд дод.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 34

Leave a Reply

Back to top button