Хабарҳои руз

ДАР ДЕҲАИ НАРВАД МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ВА ХОНАИ ФАРҲАНГ БУНЁД КАРДА МЕШАВАНД

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нарвади Ҷамоати деҳоти Фондарё бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми сокинони маҳаллӣ сохтмони муассисаи томактабӣ ва Хонаи фарҳанг идома дорад.

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ, имкониятҳои лоиҳавӣ ва фаъолияти сохтмончиён шинос гардида, бо масъулон ва сокинони деҳа суҳбат анҷом дод.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии сохташаванда барои фарогирии 40 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан барои тарбияи томактабӣ ва омодасозии кӯдакон ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Бунёди чунин муассиса дар деҳа барои дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, ташаккули қобилиятҳои зеҳнию маърифатии онҳо ва омодагии ҳамаҷониба ба зинаи минбаъдаи таҳсил аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамзамон, тибқи нақшаи сохтмон, дар ошёнаи дуюми бино Хонаи фарҳанг ҷойгир карда мешавад, ки барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, маъракаҳои иҷтимоӣ, ҷамъомадҳо ва дигар ҳамоишҳои сокинон пешбинӣ гардидааст. Дар ин қисмати бино толори калони фарҳангӣ низ бунёд шуда истодааст, ки минбаъд барои баргузории чорабиниҳои гуногун ва рушди ҳаёти фарҳангии деҳа хизмат хоҳад кард.

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суҳбат бо масъулон таъкид намуд, ки бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ дар деҳот яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандагии давлат буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, рушди соҳаи маориф ва фарҳанг заминаи мусоид фароҳам меорад.

Мавсуф иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия, рушди фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.

Ба таъкиди раиси ноҳия, истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳар як сокини кишвар масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии маҳалли зистро тақозо менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд, риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шаванд.

Раиси ноҳия ба масъулони сохтмон ва намояндагони дахлдор ҷиҳати истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда, назорати сифати корҳои иҷрошаванда, таъмини иншоот бо шароити зарурӣ ва суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки сокинони деҳа дар ҳамбастагӣ бо мақомоти маҳаллӣ бояд ташаббусҳои созандаро идома дода, дар ҳифзу нигоҳдории иншооти бунёдшаванда ва истифодаи самараноки онҳо саҳми фаъол гузоранд.

Мавриди зикр аст, ки бунёди якҷояи муассисаи томактабӣ ва Хонаи фарҳанг дар як бино барои деҳаи Нарвад иқдоми муҳимми иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан ба рушди маорифу фарҳанг, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбияи кӯдакон ва фароҳам овардани макони муносиб барои баргузории чорабиниҳои ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад кард.

Ободии ҳар як деҳа, рушди маорифу фарҳанг ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои наслҳои имрӯзу оянда аз ҳадафҳои муҳими сиёсати созандагии давлат буда, бо саҳми муштараки мақомоти давлатӣ ва сокинони ватандӯст амалӣ мегардад.

 

Leave a Reply

Back to top button